17:11:11 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 26 27
28 29 30 31      

СУҚУТИ ЯК ҲАВОПАЙМО ДАР ҚАЗВИН

Мақомоти Эрон мегӯянд, ки тамоми сарнишинони як ҳавопаймои мусофирбарии ширкати "Каспиан", ки аз Теҳрон ба самти Ереван мерафт ва дар наздикии Қазвин суқут кард, кушта шудаанд. 

Дар мавриди теъдоди сарнишинони ин ҳавопаймо омори зидду нақизе эълом шудааст. Дар ҳоле ки хабаргузории расми давлати Эрон теъдоди сарнишинони ин ҳавопайморо ба нақл аз муъовини амалиёти нерӯи интизомӣ 150 нафар (143 мусофир ва ҳафт хадама) эълом кардааст, хабаргузории Форс теъдоди сарнишинонро 168 ва хабаргузории ИЛНО ин теъдодро 167 эълом кардаанд.

Ризо Ҷаъфарзода, сухангӯйи созмони ҳавопаймоии кишварӣ гуфтааст, ки ин ҳавопаймо соъати 11:33 дақиқаи субҳи рӯзи чаҳоршанбе (имрӯз) ба шумораи парвози 7908 дучори сонеҳа шуд. Ризо Ҷаъфарзода рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо ИРНО гуфт: "Ин ҳавопаймо 16 дақиқа пас аз бархостан аз фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ дар минтақаи рустои Ҷаннатобод, устони Қазвин дучори сонеҳа шуд

Ба гузориши хабаргузории Форс, ҳашт нафар аз аъзои тими миллии ҷуду(дзю-до)-и навҷавонони Эрон ба ҳамроҳи ду мураббӣ дар ин ҳавопаймо буданд. Бинобар ин гузориш, ин тим, ки қарор буд рӯзи 15 мурдод дар мусобиқоти ҷаҳонии Маҷористон ширкат кунад, барои ширкат дар як урдуи омодагӣ озими Еревон буд.

Би-Би-Сӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi