БОЗДОШТИ "ТАРАФДОРИ ҶИӮ" ДАР СУҒД
Дар вилояти Суғд, як сокини шаҳри Истаравшан ба занни узвият дар Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон боздошт шудааст. Дафтари матбуъотии бахши Вазорати кишвар дар вилояти Суғд мегӯяд, кормандони интизомӣ аз фаъолиятҳои Адҳам Ҳайдарови 32-сола аз баёноти афроде, ки қаблан ба иттиҳоми мушобеҳ боздошт шудаанд, огоҳ шудаанд.
Ба иттилоъи ин манбаъ ин сокини шаҳри Истаравшан мулаққаб ба “Қорӣ Адҳам” соли 2006 довталабона узви ин ҷунбиш шуда ва бар асоси натоиҷи таҳқиқоти муқаддамотӣ, ба фаъолияти таблиғотӣ барои таъсиси як давлати исломӣ дар Тоҷикистон машғул будааст. Алайҳи оқои Ҳайдаров парвандаи ҷинойӣ боз шуда ва иттиҳомоти ворида алйҳи вай "узвият дар гурӯҳи ҷинояткор ва таъсиси созмони ғайриқонунӣ" аст.
Ин дар ҳолест, ки Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд чанд рӯз қабл дар ҷаласае бо ширкати фаъолон ва кормандони умури дин дар шаҳри Истаравшан “аз афзоиши гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро” изҳори нигаронӣ кардааст.
“Ҳақиқати Суғд”, нашрияи давлатии мақомоти Суғд, дар гузорише аз ин ҷаласа аз қавли Қоҳир Русулзода навиштааст, ки “аз 33 узви Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, ки дар қаламрави вилоят ба даст афтодаанд, 21 нафар сокинони шаҳри Истаравшан мебошанд”.
Би-Би-Си