11:23:16 08-уми Июни 2025 сол

ВАЗОРАТИ КИШВАРИ ТОҶИКИСТОН: "АЛИИ БЕДАКӢ КУШТА ШУД"

Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, ки Аловиддин Давлатов, раҳбари пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар ҷараёни амалиёте дар минтақаи Рашт кушта шудааст. Ҳамчунин ҳафт тан аз тарафдорони вай дар ин амалиёт кушта ва як нафари дигар боздошт шудааст.

 

rashtДар ин бора Муҳаммадҷон Назриев, яке аз кормандони масъули дафтари матбуъотии вазорати умури дохилӣ, ба Би-би-сӣ хабар дод. Оқои Назриев аз ироаи иттилоъи бештар худдорӣ кард, вале гуфт, ки вазорат базудӣ иттилоъияе дар ин бора пахш хоҳад кард. Вай гуфт асомии афроди кушташуда дар ин амалиёт низ мунташир хоҳад шуд. Мақомоти Тоҷикистон Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба "Али Бедакӣ"-ро ба анҷоми чанде аз амалиёти теруристӣ дар шарқи ин кишвар, аз ҷумла ҳамлае маргбор ба комюнҳои вазорати дифоъ дар авохири моҳи сентябр, муттаҳам кардаанд.

 

Мақомот ҳамчунин мӯътақиданд, ки Алии Бедакӣ ва Абдулло Раҳимов, аз раҳбарони дигари гурӯҳҳои пайкорҷӯ, бо Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида, ҳамкорӣ дошта ва мехостанд дар шарқи Тоҷикистон пойгоҳҳои теруристӣ бунёд кунанд.

 

Амалиёт дар Рашт

Пештар вазорати дохила хабар дода буд, ки дар минтақаи Рашт амалиёт барои боздошти гурӯҳе мусаллаҳ оғоз шудааст. Тоҳир Норматов, раиси ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, гуфта буд, ки ҳоло ин амалиёт идома дорад ва ӯ аз ироаи ҷузъиёти он худдорӣ кард. Аз сӯйи дигар, манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки дар ин амалиёт се тан аз маъмурони интизомӣ низ кушта шудаанд.

 

Тоҳир Норматов ин хабарро рад кард ва гуфт, ки дар миёни маъмурони интизомӣ ва амниятӣ афроди маҷрӯҳ ё кушташуда дар ин амалиёт нестанд. Вай афзуд: "Баъд аз поёни амалиёт дар ин бора иттилоъи расмӣ пахш хоҳад шуд. Вале мо мутмаинем, ки ин гурӯҳи мусаллаҳ нобуд хоҳад шуд."

 

Дар ҳамин ҳол, бархе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар рустои Руноби ноҳияи Рашт сурат гирифта ва гӯё Алии Бедакӣ дар яке аз манозили маскуни ин ноҳия паноҳ бурда будааст. Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифи давлат дар минтақаи Рашт, ки феълан бо нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳи Аловуддин Давлатов ҳамкорӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар маҳалле дуртар аз ҷойи амалиёт қарор дорад ва аз ҷузъиёти ин амалиёт огоҳ нест.

 

Аммо Олим Одилов, аз афроди наздик ба Мирзохӯҷа Аҳмадов, гуфт, ки "ба эҳтимоли зиёд Алии Бедакӣ ё боздошт ва ё кушта шудааст." Вале оқои Одилов низ гуфта буд, ки иттилоъи дақиқе дар ин бора дар даст надорад. Вай афзуд тибқи иттилоъе, ки дар даст дорад, ҳашт тан аз пайкорҷӯён кушта ва як нафар аз онҳо боздошт шудааст, ҳарчанд сиҳҳати ин иттилоъ таъйид нашудааст.

 

Ҳамлаи дараи Камароб

Зимнан, амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт 22 сентябр баъд аз ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба комюнҳои вазорати дифоъ оғоз шуд. Дар ин ҳамла дастикам 28 нафар низомӣ кушта шуданд. Мақомоти Тоҷикистон гурӯҳҳои вобаста ба Алии Бедакӣ ва Абдулло Раҳимов, муллақаб бо Мулло Абудуллоро омилони ин ҳамла донистаанд.

 

Дар ҷараёни ин амалиёт ҷониби давлат аз боздошт ва кушта шудани беш аз 20 тан аз пайкорҷӯён хабар дод. Талафоти нерӯҳои давлатӣ низ дар маҷмӯъ беш аз шаст нафар арзёбӣ мешавад. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, қаблан дар як нишасти матбуъотӣ изҳор дошта буд, ки пайкорҷӯён қасд доштанд дар шарқи кишвар "як ӯрдугоҳи байналмилалии теруристӣ бунёд кунанд."

 

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар поёни моҳи ноябр изҳор дошт, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён дар шарқи кишвар "тақрибан анҷом ёфтааст ва гурӯҳи кӯчаке аз пайкорҷӯён базудӣ нобуд карда мешаванд."

 

Вале баъд аз чунин изҳорот дар сойтҳои интернетӣ видиюе мунташир шуд, ки шуморе пайкорҷӯйи мусаллаҳро дар як минтақаи кӯҳистонӣ ва пурбарф дар шарқи Тоҷикистон нишон медод.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4056----q---q.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854