МУРОФИАИ ТАБИБИ МАЙКЛ ҶЕКСОН ШУРӮЪ ШУД
Дар Амрико мурофиаи муқаддамотии табиби Майкл Ҷексон шурӯъ шуд, ки 25 июни соли 2009 дар синни 50 солагӣ даргузашт.
Додситонҳо дар ин мурофиа Конрад Мюррей, табиби Майкл Ҷексонро ба пинҳон кардани далелҳои марги овозхони маъруф муттаҳам кардаанд. Онҳо гуфтанд, Конрад Мюррей, баъди беҳуш пайдо кардани овозхон, 20 дақиқа далелҳои шайъиро аз саҳнаи ҳодиса гирифтааст. Майкл Ҷексон бар асари истифодаи беш аз меъёри доруи таскинбахш ҳалок шуд. Табиби ӯро ба қатли инсон аз беэҳтиётӣ муттаҳам мекунанд.