ОТАШСӮЗӢ ДАР БОЗОРИ ШАҲРИТУС
Шоми рӯзи 5-уми январ, соъати 5-и бегоҳ дар яке аз калонтарин бозорҳои ноҳияи Шаҳритус ба номи "Ином" оташсӯзие рух додааст.
Хол Раҳмон, раиси ноҳияи Шаҳритус, дар як суҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки наздики 40 дукон дар ин бозор сӯхта ва кормандони маҳаллӣ ба тоза кардани бозор машғул ҳастанд. Вай гуфт дар фурсате кӯтоҳ бозор дубора ба кор шурӯъ мекунад.Оқои Раҳмон илова намуд, ки кумисиюни вижа ба арзёбии зиёни ворида аз оташсӯзӣ ба соҳибкорон машғул аст. Вай гуфт, ки касе дар ин ҳодиса зарари ҷисмонӣ надидааст ва ҳеч гуна талафоти ҷонӣ нест.
Вай хабари бархе аз расонаҳо дар бора кушта шудани ду нафар дар ин оташсӯзиро рад кард. Аммо дар ҳамин ҳол, сокинони ноҳияи Шаҳритус гуфтанд, ки бозориён аз ин иттифоқ зиёни ҷиддӣ дидаанд ва молу маҳсулоти зиёдашон сӯхтаву нобуд шудааст. Гуфта мешавад, ки бозори "Ином" яке аз ду бозори бузурги ноҳияи Шаҳритус будааст, ки аз сӯйи соҳибкор Ҳоҷибурҳон ба таври нисбатан замонавӣ сохта шудааст.