03:27:54 26-уми Июни 2025 сол

ГУРӮҲИ ГЕРОИНБАР ДАСТГИР ГАРДИД

Дар натиҷаи гузаронидани  амалиёти бобарор кормандони раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хадамоти гумруки вилоят гурӯҳи ҷиноятпешагонро дастгир намуданд. Ин гурӯҳ мехостанд миқдори калони маводи нашъаовари героини афғониро ба Федератсияи Русия интиқол диҳанд.

 

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентии назорати  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти амалиёт ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуд, ки аз онҳо ду бастаи селофании дорои хокаи сафедчатоби бӯйи махсусдошта мусодира гардид. Баъди ташхис маълум гардид, ки дар халта 5 кг героин мавҷуд будааст.

 

Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ. 4 банди «Д» (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани меъёри калони маводи мухаддир) кушода шуда, тафтиш идома дорад.

 

Лутфия Эшонқулова, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ