ТАЪИНОТИ НАВИ КАДРӢ
Имрӯз, 7 январи соли 2011 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсии шаҳри Душанбе Саидбек Шарипов ва Файзуллохон Исупов аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод гардиданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе Аламхон Қурбонов ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Саиднуриддин Алиев таъин шуданд. Ҳамчунин имрӯз бо амри Раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев муовини аввали раиси шаҳр таъин гардид.