15:36:40 08-уми Июни 2025 сол

ҲУШДОРИ АМРИКО НИСБАТ БА МАНОБЕЪИ ФОШШУДА ДАР ВИКИЛИКС

Ба думболи нашри мукотиботи сиррии дипломатҳои амрикоӣ дар торнамои Викиликс, вазорати умури хориҷаи Амрико аз давлатҳо хостааст, аз хабарнигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва ё манобеъе, ки номашон дар он аснод зикр шудааст, ниқор нагиранд.

 

Филип Кровлӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, аз баъзе ҳукуматҳо хоста шудааст, алайҳи ин афрод иқдом накунанд, вагарна равобиташон бо Амрико осеб хоҳад дид. Ӯ афзуд: Мо чандсад нафарро дар саросари ҷаҳон шиносоӣ кардаем, ки эҳсос мекунем, ки таҳти хатар қарор доранд. Ба мисли фаъолони иҷтимоӣ, хабарнигорон ва мақомоти расмӣ. Ба бархе аз ин афрод кӯмак кардаем ва вазъияти онҳоро зери назар хоҳем дошт."

 

Филип Кровлӣ афзуд, як гурӯҳе таъсис додаанд, то муайян кунад, ки кадоме аз манобеъи зикршуда дар мукотиботи сиррии дипломатҳо дар маърази хатар буда метавонад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854