14:56:29 08-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ 30 РИШДОР ДАР ДУШАНБЕ

Бино ба гузоришҳо, кормандони милисаи шаҳри Душанбе як гурӯҳи афроди ришдорро боздошт кардаанд. Шӯҳрат Шодиев, хабарнигори тоҷик, ки бо хабаргузории «Азия Плюс» ҳамкорӣ мекунад, дар миёни ин боздоштшудагон буда ва гуфтааст, ҳамаи онҳоро ба шӯъбаи якуми ноҳиявии вазорати умури дохилаи ноҳияи Сино оварда, нишонӣ, акс ва нақши ангуштонашонро гирифтаанд.

 

бородаШӯҳрат Шодиев гуфтааст, дар суоли ӯ доир ба сабабҳои боздошт навбатдори шӯъбаи милиса гуфтааст, ки онҳо фармони раҳбарияти вазоратро иҷро кардаанд. Тоҳир Норматов, раҳбари ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни шарҳи ин ҳодиса ба хабаргузории «Азия Плюс» гуфтааст, маъмурони милиса ҳақ доранд, барои мушаххас кардани ҳуввияти афрод онҳоро боздошт кунанд. Ба гуфтаи ӯ, сурати инсон бояд аз акси доштааш дар санади расмӣ фарқи зиёд надошта бошад ва дар сурати тафовут кормандони милиса ҳақ доранд, фардро боздошт ва ҳуввияташро таҳқиқ кунанд.

 

Дар Тоҷикистон, аз нимаҳои соли гузашта шоҳиди нооромиҳо шуд, тадобири амниятиро тақвият додаанд. Ҳафтае пеш мақомоти Тоҷикистон дар водии Рашт, гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонуниеро нобуд карданд, ки ба гуфтаи маъмурони амниятӣ, масъули ҳамлаи хунин ба корвони сарбозони вазорати дифоъ ва қатли 25 нафари онҳо буданд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854