15:28:54 08-уми Июни 2025 сол

ФИДЕЛ КАСТРО ҲАМЛА БА ВАКИЛИ АМРИКОИРО МАҲКУМ КАРД

Фидел Кастро, раҳбари Куба, имрӯз ҳамлаи мусаллаҳона ба Габриелла Гиффордс, намояндаи мардумии Амрико дар конгрессро маҳкум кард.

 

Хонум Гиффордс вакили Ҳизби Демократи Амрико ҳангоми дидор бо мардум дар аёлати Аризона ҳадафи ҳамлаи фарди мусаллаҳе қарор гирифта ва сахт маҷрӯҳ шуд. Дар тирандозӣ дар маҷмӯъ шаш нафар аз ҷумла як духтари нӯҳсола ва як додраси федеролии Амрико кушта ва 13 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

 

Фидел Кастро тирандозиро бераҳмона хонда ва гуфтааст, бо вуҷуди ихтилофоти назараш бо ҳукумати Обама ҳеҷ як кӯдак, додрас, вакил ва шаҳрванди Амрико набояд аз ин роҳи бемаънӣ ва тавҷеҳнопазир нобуд шаванд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ин ҳодисаро, фоҷиаи миллӣ хонд. Пулис фарди муттаҳам ба тирандозиро боздошт карда ва дар ҷустӯҷуи як шарики ӯ будааст.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854