17:36:40 04-уми Июни 2025 сол

ҲАЛОКАТИ 5 ШАҲРВАНДИ РУСИЯ ДАР НУРОБОД

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар даргирие дар водии Рашт, шарқи кишвар 5 шахси мусаллаҳ кушта шудаанд, ки шаҳрвандони Русия будаанд.

Хабаргузории Интерфакс аз қавли як манбаъи баландпояаш дар мақомоти интизомии Тоҷикистон навишт, ки бар асари задухӯрд дар наздикии як посгоҳи Горди миллӣ дар наздикии Нуробод, тақрибан 130-километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон, 5 ҷангии мусаллаҳ, ки гуфта мешавад, атбоъи русияанд, кушта шудаанд. 

Як манбаъи дигар аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия-Плюс" рӯй додани ин даргириро тасдиқ карда, афзудааст, бар асари он 6 ситезаҷӯӣ кушта ва 5 низомии давлат захмӣ шудаанд. Вай ҳамаи 6 нафарро шаҳрвандони Русия номидааст.

Интерфакс мегӯяд, ин посгоҳи Горди миллӣ шаби панҷшанбе ба ҷумъа ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Манбаъи Интерфакс гуфтааст, бар асари оташи ҷавобӣ 5 ҷангӣ ба ҳалокат расида, дар ин даргирӣ 2 сарбози Горди миллӣ низ ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҷангиёни кушташуда бо худ шиносномаи Русия дошта, аз чеҳра ва исми онҳо бармеояд, ки аз минтақаи Қафқозанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854