14:55:55 08-уми Июни 2025 сол

АҶСОДИ "НОПАДИДШУДА" ДАР ДУШАНБЕ ҲАСТАНД

Аҷсоди афроди кушташуда аз гурӯҳи “Алӣ Бедакӣ” ба пайвандонашон таҳвил намешаванд. Маҳмадулло Асадулолев, сухангӯйи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки қавонини Тоҷикистон дар қиболи афроди мазнун дар аъмоли теруристӣ чунин муқарраротро пешбинӣ кардааст. Вай афзуд, ки ба пайвандони ин афрод "ҳатто маҳалли дафни чунин ҷинояткорон эълом намешавад."

 

Али БедакиИн дар ҳолест, ки субҳи рӯзи душанбеи 10 январ бархе аз хабаргузориҳо дар бораи нопадид шудани ҷанозаҳои афроди кушташуда аз бемористони ноҳияи Рашт гузориш доданд. Вале, Аъзам Мирзоев, муъовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гузоришҳо дар бораи нопадид шудани аҷсоди ин афродро такзиб кард. Ба гуфтаи вай, аҷсоди афроди кушташуда ба сурати муваққат дар бемористони ноҳияи Рашт қарор доштанд ва ахиран ба ташхисгоҳи вазорати дифоъи Тоҷикистон мунтақил шуданд.

 

Вай афзуд: "Дуруст аст, ки ҳамаи ташхисгоҳҳои криминалӣ дар Тоҷикистон ниҳоди вобастаи вазорати тандурустӣ ҳастанд, вале ташхисгоҳи вазорати дифоъ ба вазорати мо рабте надорад”. Масъулони маркази матбуъотии вазорати дифоъи Тоҷикистон аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки иттилоъ дар бораи амалиёти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар шарқи Тоҷикистон тавассути вазорати умури дохилаи кишвар пахш мешавад.

 

Ба гуфтаи соҳибназарон, баъд аз анҷоми бозрасиҳо, ҷасади афроди кушташуда ба пайвандони онҳо бояд таҳвил дода шаванд. Зеро, тибқи қавонини Тоҷикистон ин афрод дар додгоҳ муҳокима нашудаанд ва дар мавриди дафни онҳо ҳеҷ маҳдудияте вуҷуд надорад. Вале, масъулони пулиси Тоҷикистон чунин иддаъоро радд карданд. Гуфта мешавад, ки пайвандони афроди кушташуда то ҳол наметавонанд аҷсоди наздикони худро дарёфт ва дафн кунанд.

 

Масъулони бемористони ноҳияи Рашт гуфтаанд, ки як комюни низомӣ ин ҷанозаҳоро ба ҷое интиқол додааст, ки онҳо дар мавриди он иттилоъ надоранд. Зимнан, 4-уми январ дар пайи як амалиёти ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ дар рустои Руноби ноҳияи Рашт ҳашт тан аз пайкорҷӯён бо шумули Аловуддин Давлатов, мулаққаб бо “Алии Бедакӣ”, фармондеҳи ин гурӯҳ кушта шуданд. Рӯзи дигар пайвандони афроди кушташуда аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон барои дарёфти аҷсоди наздикони худ ба бемористони минтақаи Рашт муроҷиа карданд, вале посух гирифтанд, ки танҳо баъд аз анҷоми ташхис метавонанд наздикони худро дафн кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, Олим Одилов, яке аз мухолифони собиқи давлат дар шарқи Тоҷикистон мегӯяд, ки аз миёни афроди кушташуда чанд нафар сокинони ин минтақа буданд. Вале, боқӣ аз Душанбе, ноҳияи Исфара ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ буданд. Вай гуфт: “Пайвандони онҳо тӯли чанд рӯз бо умеди гирифтани ҷанозаҳои пайвандони худ дар маркази ноҳияи Рашт қарор доштанд, ҳоло фикр мекунам онҳо ба Душанбе рафтанд.”

 

Дар ҳамин ҳол, оқои Одилов хабар дод, ки амалиёти нерӯҳои муштараки давлат бо мухолифони собиқ алайҳи гурӯҳи Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба “Мулло Абдулло” идома дорад. Вай гуфт: “Ситоди гурӯҳи мо, ки аз муъхолифони собиқ иборат аст, дар деҳаи Белгии ноҳияи Рашт буда ва ситоди марказии нерӯҳои давлатӣ дар маркази ноҳия аст. Агар зарурате пайдо шуд, онҳо бо Мирзохӯҷа Аҳмадов тамос мегиранд ва мо дар амалиёти онҳо ширкат мекунем.”

 

Дар посух ба ин суол, ки оё афроди дигаре аз гурӯҳи “Алии Бедакӣ” дар озодӣ ҳастанд ё хайр, оқои Одилов гуфт: "на, ҳамаи аъзои ин гурӯҳ боздошт ё кушта шуданд." Дар ҳамин ҳол, Аъзам Мирзоев, муъовини вазири тандурустии Тоҷикистон бархе аз шоеъот дар бораи зинда будани “Алии Бедакиро” радд кард. Вай гуфт: "Ман дар гузашта Аловуддин Давлатовро дидаам. Аз наворе, ки тавассути телевизиюн пахш шуд, ман дар миёни афроди кушташуда чеҳраи ӯро ҳам дидам."

 

Зимнан, 10 январ манобеъи пулиси Тоҷикистон асми танҳо нафаре аз гурӯҳи "Алии Бедакиро" эълом карданд, ки дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ асир шудааст. Тибқи иттилоъи манобеъи пулис ин шахс Анвар Холов, як сокини шаҳри Душанбе будааст, ки феълан дар боздоштгоҳи амниятии пойтахти Тоҷикитсон қарор дорад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4110--qq---.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854