15:05:10 08-уми Июни 2025 сол

ЧАРО АЗ ОСМОН ПАРРАНДАИ МУРДА МЕБОРАД?

Шурӯъ аз шаби соли нави мелодӣ дар соли 2011 то кунун дар баъзе манотиқи Амрико ва Аврупо суқути парандаҳои мурда ва нимҷон идома дорад ва коршинос ва масъулин мӯҳити зист фарзияҳои гуногунро дар ин замина ироа кардаанд. Баъзе дигар бошанд борони парандаҳои мурдаро нишоне аз қиёмат ё азоби Худованд унвон кардаанд.

 

парандаИн ҳодисаро олимон таҳқиқ карда истодаанд ва назарияпардозон тариқи интернет назарпардозӣ мекунанд, аммо сабаби аслӣ то ҳол муайян нашудааст.  Суқути беш аз се ҳазор парандаи мурда аз осмон мавҷиби шигифтии мардуми мунтақаи ҷануби Иёлоти Муттаҳида Амрико шуд. Бинобар гузоришҳои расонаҳои гурӯҳӣ, бо таваҷҷӯҳ ба марги ин паррандагони пеш аз суқут, муҳаққиқон ва коршиносони масоли мӯҳти зист ба дунболи кашфи иллати марги тӯдае аз онҳо будаанд, ҳамзамон марги теъдоди ин паррандагон ҳам дар як минтақа нашудааст.

 

 Ба гуфтаи коршиносон гар чӣ ин гуна марги паррандаҳо қаблан ҳам вуҷуд дошт, вале на ба ин вусъат ва теъдод, аммо пеш аз ин низ таҳқиқи коршиносон ва муҳаққиқон натиҷае дар бар надоштааст. Ба гуфтаи масъулини шаҳраки «Бибӣ» дар иёлоти Орконзоси ИМА ин паррандагон ё бар асари раъду барқ ва ё бархурд бо симҳои интиқоли барқ кушта шудаанд ва ё ин марги дастаҷамъӣ ношӣ аз оташбозиҳои соли нави мелодӣ будааст ва эҳтимоли заҳролудшавии онҳо низ дар баррасиҳои аввалия ба вуҷуд омада бошад.

 

Ба иттилои ББС дар иёлоти Орконзоси Амрико, ҷасади беҷони се ҳазор паранда аз осмон ба замин афтод. Дар рудхона (дарёи) Орконзос ҳам наъши 100 ҳазор моҳӣ рӯи об омад. Ҳанӯз касе намедонад, ки далели ин маргҳои дастаҷамъӣ чист? Донишмандон машғули таҳқиқанд ва корбарони интернет машғули   назарияпардозӣ. Расонаҳои хабарӣ низ ба нақл аз шоҳидони айнӣ навиштаанд, ки баъд аз ин ҳодиса роҳҳо пур аз  «ҷасади» зоғча буданд.

 

Босираи  ин намуди паррандаҳо ниҳоят заиф аст,- гуфтаст Карен, зистшинос - барои ҳамин ҳайратовар нест, ки онҳо монеъаҳо – дарахтон, бомҳо ва деворҳоро надиданд. Аммо мувофиқи суханони шоҳидони ҳодиса на ҳамаи «зоғчаҳо» пеш аз он ки ҳалок гарданд ба чизе бархӯрдаанд. Аксари онҳо ба мисли санг аз ҳаво меафтиданд, ки фарзияи орнитологҳоро зери шубҳа мегузорад. Олимон таҳқиқоти худро идома дода истодаанд ва ҷасади паррандаҳои ҳалокгардидаро барои озмоиш ва идомаи пажӯҳишҳои худ нигаҳ медоранд.

 

Бо ин вуҷуд баъзе аз коршиносон яке аз сабабҳои марги дастаҷамъии паррандаҳо оташбозӣ донистаанд. Дар шаҳраки хурди Фалчепинге (Шветсия) ҳеч кас оташбозӣ ташкил накардааст. Аммо дар он ҷо якуякбора садҳо фароштрук ҳалок гардид. Дар иёлоти Луизиана дар шаҳраки Пойнт Купӣ Периш низ беш аз 500 ҷасади мурдаи паррандаҳо дарёфт гардид.   Паррандаҳои аз осмон  афтида дар ҳар ҷо парешон буданд. Ҷасади онҳо бо душворӣ ҷамъ карда шуд.  Баъзеи ин паррандаҳо ҳанӯз зинда буданд.

 

Марги ин паррандаҳо муайянкунадаи ҳолати муҳити зист мебошанд, - мегӯяд мӯҳитшиноси маъруфи амрикоӣ Грег Батчер. Халокати оммавии паррандаҳо метавонад аз он далолат кунад, ки чизи ғайриоддие ба вуқӯъ пайвастааст ё тағйироти хатарноке дар иқлим рух додааст. Ба ҳамин хотир зарур медонем, ки  сабаби аслии ин ҳодисаро тезтар пайдо кунем.

 

Эҳтимол тамоми фарзияҳои дар боло зикршуда танҳо  барои хотирҷамъ намудани  ҷомеъа  эълон карда шудааст. Вале дар асл бошад чизе маълум нест. Сабабҳои аслӣ метавонанд хеле ҷиддӣ бошанд.  Мо умед дорем, ки он, ки олимон сабаби онро меёбанд. Мавзӯъ хеле ҷиддӣ аст .  Онҳо чанд сол аст, ки ҳодисаҳои ғайриодии катаклизми «паррандаҳо»-ро таҳқиқ мекунанд, вале то ҳол ба натиҷаи зарурӣ даст наёфтаанд . Зеро марги оммавии паррандҳо дар иёлоти Орканзос ҳодисаи ягона нест.

 

Ҳодисаҳои ба амаломадаро баъзеҳо ба азоби илоҳӣ ва баъзе дигар нишоне аз қиёмат унвон кардаанд.  Аммо дар ривоёти дуруст зикри чунин намуди нишона ё азоби осмониро пайдо кардани мӯҳол аст. Танҳо гуфтан мумкин аст, ки қиёмати инсон бо фарорасии маргаш оғоз мешавад ва қабр даромадгоҳи аввалин ба диёри охират аст. Нишонаҳои бузурги қиёмат бошад ба монанди хурӯҷи Даҷҷолу нузули Исои Масеҳ ва ғайра дар китобҳои динӣ ишора шудаанд, аммо борони парранда ҳамчун нишонаи қиёмат не.

 

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4125-2011-01-12-03-29-43.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854