14:58:27 08-уми Июни 2025 сол

ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ ДАР АФҒОНИСТОН

Дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар пойтахти Афғонистон дастикам ду нафар кушта шудаанд. Ин инфиҷор бомдоди рӯзи душанбе, 12 январ, дар яке аз маҳаллаҳои ғарби Кобул рӯй дод ва бар асоси гузоришҳо, як фарди савор бар мутурсиклет, ки бумберо ҳамроҳ дошт, утубуси ҳомили кормандони идораи амнияти миллии Афғонистонро ҳадаф қарор дод.

 

Кабул Дар ин ҳамла, ба гуфтаи манобеъи пулис, ҳадди ақал ҳашт нафари дигар захмӣ шудаанд. Кушташудагони ин ҳамла ҳамагӣ ғайринизомӣ ҳастанд, аммо як мақоми пулис гуфт, ки чаҳор нафар аз кормандони идораи амнияти миллии Афғонистон дар миёни захмиҳои ин ҳодиса будаанд. Утубусе, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифт башиддат осеб дида ва ба чандин утумубили шахсии дигар дар маҳалли ҳодиса хисороти ҷиддӣ ворид омадааст. Ин инфиҷор дар маҳаллае рӯй дод, ки сохтмони порлумони Афғонистон ва чандин вазоратхона дар он қарор дорад.

 

Рӯзи гузашта, Ҷу Бойден, муъовини раиси ҷумҳурии Омрико, аз Кобул дидан карда ва бар таъаҳҳуди дарозмуддати кишвараш нисбат ба Афғонистон таъкид кард. Омрико дар назар дорад раванди хуруҷи нерӯҳои худ аз Афғонистонро аз авосити соли ҷории мелодӣ оғоз кунад, дар ҳоле ки дар моҳҳои ахир хушунат дар Афғонистон шиддат гирифтааст. Моҳи гузашта дар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар Кобул, панҷ сарбози афғон кушта шуданд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854