МУСОДИРАИ 96 КИЛУГРАМ ҲАШИШ ДАР ӮЗБАКИСТОН
Кормандони интизомии Ӯзбакистон 96 килуграм маводди мухаддирро аз як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчӣ кашф ва мусодира карданд. Тибқи иттилоъи манобеъи Ӯзбакистон се узви ин гурӯҳи қочоқчӣ шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Бар асоси иттилоъе, ки дафтари матбуъотии Кумитаи амнияти миллии Ӯзбакистон дар ихтиёри хабарнигорон гузоштааст, кормандони ин ниҳод дар ноҳияи Боткенти вилояти Тошканд гурӯҳи чаҳорнафарии қочоқчиёнро боздошт кардаанд. Ва ба гуфтаи ин ниҳод ба ҳангоми бозҷӯйии аз ин афрод ҳудуди 96 килуграм маводди мухаддири навъи ҳашиш кашф ва мусодира шуд.
Таҳқиқоти муқаддамотии кормандони амнияти ӯзбак хокӣ аз он будааст, ки се нафар аз боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда ва яке аз онҳо дар шаҳри Тошканд бидуни сабти ном ба сар мебурдааст. Кормандони амнияти Ӯзбакистон мегӯянд, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқоти он идома дорад.
Би-Би-Си