МАҲКУМИЯТИ ВАКИЛИ СОБИҚИ ПОРЛУМОН
Додгоҳи ноҳияи Бохтар Саивалӣ Нуров, вакили собиқӣ порлумони Тоҷикистон ва намояндаи раиси ҷумҳури ин кишвар дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро дар авбошӣ муқассир донистааст.
Ин додгоҳ дар вилояти Хатлон парвандаи Сайвалӣ Нуровро мудати ду моҳ барасӣ карда ва ӯро дар авбошӣ гунаҳкор дониста ва аз тақозои пардохти 17 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима кардааст. Павандаи ҷиноӣ алаиҳи Сайвалӣ Нуров, дар замони баргузории интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2010 боз шуда буд. Ба гуфтаи шокиёни парванда Сайвалӣ Нуров, дар яке аз ҳавзаҳои итихоботӣ дар рӯзи интихобот раиси яке аз қитъаҳои интихоботиро мавриди лату куб қарор дода буд.
Би-Би-Си