13:36:32 08-уми Июни 2025 сол

ДАР СУРАТИ ДАРХОСТИ СММ ПАРВАНДАИ МИРЗОЕВ ДУБОРА БАРРАСӢ МЕШАВАД

Дар сурати ворид шудани дархости лозим аз Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ ба додгоҳҳои Тоҷикистон, парвандаҳои мавриди назар дубора баррасӣ хоҳанд шуд. Инро Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 14 январ дар посух ба саволи Би-би-сӣ дар бораи вокуниши ин додгоҳ ба муроҷеъати хешовандони Ғаффор Мирзоев ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари созмони милал гуфт.

 

АбдуллоевОқои Абдуллоев афзуд, ки Тоҷикистон Кунвенсиюни байналмилалии ҳуқуқи башарро имзо ва тасвиб кардааст ва таъаҳҳудоти худро дар бораи таъмини ҳуқуқи башар дар ин кишвар иҷро хоҳад кард. Аммо оқои Абдуллоев таъкид кард, ки то ҳол аз Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони милал ҳеҷ гуна пешниҳоде ба Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди номаи пайвандони женерол Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ ва раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ворид нашудааст.

 

Ӯ гуфт, "Ба ҳангоми ворид шудани дархост аз ин кумита Додгоҳи олӣ ҳамаи далелҳо дар бораи мавориди нақзи ҳуқуқи маҳкумшударо ҳамаҷониба баррасӣ ва таҳлил карда ва дар сурати таъид шудан ё нашудани ин гуна даъво ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ гузориш хоҳад дод."

 

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ ва раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири ин кишварродар соли 2006 дар талош дар кудато, убури ғайриқонунӣ аз марз, сӯиистифодда аз мақоми хидматӣ ва куштор гунаҳкор донист ва ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.

 

Ин дар ҳолест, ки рӯзе қабл наздикони Ғаффор Мирзоев хабар дода буданд, ки Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони милал номаи шикоятии онҳро дарёфт кардааст. Дар ин нома наздикони женерол Мирзоев хостори баррасии дубора ва мунсифонаи парвандаи вай шуданд.

 

Аз сӯйи дигар раиси Додгоҳи олӣ таъкид кард, қаблан Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ дар робита ба қазияи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раиси Ҳизби демукротики ин кишвар ва собиқ раиси “Тоҷикгаз” ба Додгоҳи олӣ дархосте карда буд. Вай гуфт пас аз таҳлилу баррасии ҳамаи ваҷҳҳои номаи шикоятӣ Додгоҳи олӣ тавассути Вазорати хориҷа ва Дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал посухи расмӣ ирсол карда буд.

 

Оқои Абдуллоев аз эъломи мӯҳтаво ва ҷузъиёти номаи пайвандони Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба СММ ва номаи Додгоҳи олӣ ба ин сохтори ҳуқуқи башар худдорӣ кард. Коршиносон мегӯянд, мумкин аст манзури раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон номаи Додгоҳи Ҳуқуқи Башари Урупо дар бораи қазияи Маҳмадрӯзӣ Искандаров бошад, ки дар соли гузашта онро мавриди баррасӣ қарор дода буд.

 

Дар моҳи сентябр ин додгоҳ боздошти Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари собиқи Ҳизби демукроти Тоҷикистон дар Маскав ва истирдоди вай ба мақомоти интизомии Тоҷикистонро дар соли 2005 ғайриқонунӣ хонд ва давлати Русияро дар ин амр муқассир донист. Бо ҳукми ин додгоҳ давлати Русия муваззаф шудааст, беш аз 30 ҳазор юру ба оқои Искандаров пардохт кунад.

 

Аммо Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон он замон гуфта буд, ки "Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст ва ҳукми додгоҳҳои кишварҳои дигар дар қаламрави ин кишвар қобили иҷро нест. Аз ин лиҳоз, ин тасмими додгоҳи урупоӣ дар сарнавишти оқои Искандаров таъсире намегузорад."

 

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Зулфиқор Замонов, муъовини раиси Идораи ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз Тоҷикистон ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари СММ беш аз 50 шикоят дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар, мавориди шиканҷа ва ҳукмҳои ба эътиқоди шокиён “ғайримунсифона” ворид шудааст. Ин шикоёт умдатан пас аз муроҷеъаҳои мукаррар ба ниҳодҳои қазоии Тоҷикистон ва дарёфти натиҷаи қонеънакунанда ба додгоҳҳои байналмилалӣ ирсол мешаванд.

 

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ба навбаи худ гуфт, ки мумкин аст аз ҷумлаи ин шикоёт танҳо 2-3 шикоят ба системи қазоии Тоҷикистон иртибот гирад ва ин рақам ба ҳеч ваҷҳ нишонаи навоқиси фаровон дар системи қазоии ин кишвар набудааст. Ӯ гуфт, дар соли гузашта бар асоси шикоёти истинофӣ Додгоҳи олӣ ҳукми ду додгоҳ ва бархе аз иттиҳомот дар ҳудуди 30 парвандаро лағв кардааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4151-2011-01-14-09-34-35.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854