13:53:55 08-уми Июни 2025 сол

ИА: "ХОҲОНИ ПЕШРАФТ ДАР МУЗОКИРОТ БО ЭРОН ҲАСТЕМ"

Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки вай хоҳони пешрафт дар музокироти гурӯҳи 5+1 бо Эрон аст. Даври дуввуми музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1 рӯзи ҷумъаи 21-уми январ дар шаҳри Истанбул оғоз мешавад ва интизор меравад ба муддати ду рӯз идома пайдо кунад.

 

Кэтрин ЭштонКэтрин Эштон, ки барои фароҳам овардани муқаддамоти ин музокирот ба Туркия сафар кардааст, рӯзи панҷшанбе бо Аҳмад Довудоғлу, вазири хориҷаи ин кишвар дар як нишатсти хабарӣ ширкат кард. Кэтрин Эштон дар посух ба хабарнигороне, ки назари вайро дар бораи изҳороти ахири Али Асғар Султония, намояндаи Эрон дар Ожонс пурсиданд гуфт, ки вай намехоҳад ба чунин изҳороте посух бидиҳад. Али Асғар Султония, намояндаи доими Эрон дар Ожонс ин ҳафта дар остонаи музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1 изҳор дошт: «Гуфтугӯҳои Истанбул охирин фурсати таърихии Ғарб барои бозгашт ба мизи музокирот аст.»

 

Кэтрин Эштон дар вокуниш ба ин изҳорот дар идома гуфт: «Танҳо ба ин басанда мекунам... ончи, ки мехоҳем ҳафтаи оянда бубинем, пешрафт дар музокирот аст.»

 

Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо афзуд: «Мо аз дидгоҳи худамон хеле рӯшан ончиро, ки мехоҳем дар бораи он гуфтугӯ кунем мушаххас кардаем, ва бояд дид ин гуфтугӯҳо ба куҷо мекашад.»

 

Туркия дар музокирот мушорикат надорад

Кэтрин Эштон ҳамчунин изҳор намуд, ки Туркия дар музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1 мушорикат нахоҳад дошт ва дархосте ҳам барои мушорикат дар музокирот матраҳ накардааст. Бо ин ҳол Аҳмад Довудоғлу, вазири хориҷаи Туркия дар ин нишасти муштараки хабарӣ гуфт, ки агар аз Анқара хоста шавад, ин кишвар омодаи мушорикат аст.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854