11:57:08 26-уми Июни 2025 сол

КӮМАКИ ИМА БА ХОТИРИ ОШКОРКУНИИ ТАҲДИДҲОИ АТОМӢ

Сафири ИМА Кен Гросс ва Президенти Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов дар маросими ифтитоҳи Озмоишгоҳи нави хизматрасонии техникӣ барои Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

 

Сафорати ИМАСафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи барномаи Назорати содирот ва амнияти дахлдори марзҳо тармиму таҷдиди пурраи озмоишгоҳро маблағгузорӣ намуда системаҳои спектрометрӣ, дастгоҳҳои муайянкунии радиатсия ва компютер, таҷҳизоти лабораторӣ ва ҷиҳози идоравиро таъмин намудааст. Сафорати ИМА барои тармиму таҷдид ва муҷаҳҳазнамоии марказ тахминан 569,464 доллари амрикоӣ масраф намудааст. Ҳадафи озмоишгоҳ аз таъмин намудани кӯмаки техникӣ барои калибратсияи таҷҳизоти дозиметрӣ, ки шуоъҳои рентгенӣ ва гамма радиатсияро ошкор менамояд, иборат аст.

 

Марказ дар ошкоркунӣ ва пешгирии қочоқи маводҳои ядроиву радиатсионӣ кӯмак карда, ҳамин тариқ эҳтимолоти ба дасти номатлуб афтодани ин маводҳоро коҳиш медиҳад. Маркази мазкур ба мақомоти Тоҷикистон имконият фароҳам меорад, то маводҳои шубҳаноки радиоактивиро таҳлил намуда манбаи онҳоро муайян созанд, ва ҳамин тариқ ба тафтишотҳои минбаъдаи ҷиноии қочоқи ин гуна маводҳо кқмак мерасонад.  

 

Зимни суханронии худ Сафир Гросс иброз дошт, ки "Ин иморати махсусгардонидашуда ва таҷҳизоти он ба ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи шаҳрвандони худ ва минтақаи Осиёи Марказӣ аз хавфҳои ядроӣ ки ба ҷаҳони имрӯза таҳдид мекунанд, кӯмак мерасонад."

 

Таҷҳизот ва таъмири бинои мазкур яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандае мебошад, ки Сафорати ИМА аз номи халқи Амрико дар Тоҷикистон татбиқ менамояд. Аз соли 1992 инҷониб халқи Амрико ба барномаҳои кӯмакдиҳандае, ки рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, беш аз 900 миллион доллари амрикоӣ пешниҳод намудааст.

 

«Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4155-2011-01-14-15-24-54.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ