13:49:24 08-уми Июни 2025 сол

МАРГИ МАРМУЗИ МАҲБУС ДАР ЗИНДОНИ УЗБАКӢ

Хешовандони маҳбуси фавтида дар яке аз зиндонҳои Узбакистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба фикри онҳо ин маҳбус то мурдан латту кӯб шудааст.

 

Ҷасади Абдулфаттоҳ Раҳимохунови 48-сола рӯзи сешанбеи 11-уми январ ба наздиконаш супурда шуд. Дар шаҳодатномаи марги Раҳимохунов навишта шудааст, ки ӯ 8-уми январ дар зиндони Ҷаслик аз сактаи қалбӣ вафот кардааст. Онҳо илова кардаанд, ки мақомот ба муоинаи мустақили ҷасад иҷозат надода, дафни фаврии маҳбуси тақозову назорат кардаанд.

 

Хешовандони Раҳимохунов мегӯянд, ӯ ҳеҷ беморӣ надошт, вале баъди навиштани аризаи шикоятӣ аз муомилаи бади нозирон мавриди таъқиби бештар қарор гирифт. Дар ду ҳафтаи ахир ин дуюмин ҳодисаи марги маҳбус дар зиндони Ҷаслик аст, ки дар он хешовандон нозирони маҳбусро гунаҳгор мешуморанд. 

 

Моҳи ноябр маҳбусони зиндони Ҷаслик гуруснанишинӣ эълон намуда, талаб карданд, ки “бародарони мусулмон”-и онҳо аз утоқҳои ба истилоҳ “тарбиявӣ” берун бароварда шаванд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854