13:55:10 08-уми Июни 2025 сол

ҲУКУМАТИ ТУНИС БА ИСТЕЪФО РАФТ

Хабаргузориҳои Тунис иттилоъ медиҳанд, ки президенти ин кишвар Зайналобидин Бен Алӣ дар паи эътирозҳои дастҷамъии рӯзҳои ахир ҳукумати Тунисро ба истеъфо фиристод. Ҳамчунон хабаргузориҳои тунисӣ маълумот медиҳанд, ки Бен Алӣ нақша дорад, ки дар давоми шаш моҳи оянда интихоботи пеш аз мӯҳлат баргузор намояд.

 

Рӯзи ҷумъа полис издиҳоми чандинҳазорнафараи эътирозгаронро бо гази ашковар пешвоз гирифт.  Баъзе этирозгарон ба болои боми вазорати корҳои дохилии Тунис рамзи ҳукмронии шадиди ин ҳукумат баромаданд. Онҳо истеъфои президентро талаб мекарданд. Рӯзи панҷшанбе президенти Тунис тариқи телевизион суханронӣ намуда, ваъда дод, ки дар интихоботи президентии соли 2014-ум номзадиашро пешниҳод намекунад.

 

Ӯ гуфт, аксари талабҳои мардумиро қабул дорад: “Мардуми Тунис дар дохил ва хориҷи кишвар, мардону занони тунисӣ, мехоҳам имрӯз ба шумо муроҷиат кунам. Мехоҳам муроҷиат кунам, зеро вазъ моро ба ислоҳот водор мекунад. Ин ислоҳот бояд амиқ ва фарогир бошад.”

 

Бен Алӣ, ки 23 сол боз президенти Тунис аст, ҳамчунон ба полиси кишвараш фармон додааст, тирандозӣ бар зидди тазоҳуркунандагонро қатъ кунанд.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854