13:56:26 08-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОЛИ ИТТИЛОЪОТИ БОНКӢ БА ВИКИЛИКС

Рудолф Елмер, яке аз бонкдорони собиқи Суис иттилоъи марбут ба беш аз ду ҳазор нафар ва созмон аз кишварҳои мухталифи дунёро, ки ба гуфтаи ӯ аз сиррӣ будани фаъолияти бонкӣ барои напардохтани молиёт истифода кардаанд, дар ихтиёри сойти Викиликс (Wikileaks) гузоштааст.

 

Дар як нишасти хабарӣ дар Ландан оқои Елмер гуфт ин иттилоъот дар шакли ду лавҳи фушурдаи компютерӣ исмҳои милиюнерҳо, ширкатҳои бузург, сандуқҳои сармоягузорӣ ва чиҳил сиёсатмадорро дар бар мегирад. Дар ин нишасти хабарӣ Ҷулиён Оссонж, бунёдгузори Викиликс гуфт ин иттилоъотро пахш хоҳад кард, аммо нагуфт чӣ замоне ин корро анҷом хоҳад дод.

 

Оқои Елмер қарор аст дар авохири ҳафта ба Суис баргардад то ба иттиҳоми сирқати иттилоъот дар додгоҳ ҳозир шавад.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854