15:03:39 08-уми Июни 2025 сол

АМАЛИЁТ БАРОИ БОЗДОШТИ ГУРӮҲИ ИБРОҲИМОВ ДАР РАШТ

Нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Тоҷикистон ба анҷоми амалиёте вижа алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи Маҳмадкарим Иброҳимов, мулаққаб ба "Камол", дар водии Рашт машғуланд. Дар ин бора ба Би-би-сӣ сарҳанг (полковник) Мустафо Рустамов, раиси идораи пулиси ноҳияи Рашт, рӯзи сешанбеи 18 январ хабар дод.

 

авпБа гуфтаи ин манбаъ, оқои Иброҳимов мутаваллиди моҳи сентябри соли 1975 буда ва зодгоҳи ӯ деҳаи Муллотемури ноҳияи Тоҷикобод аст. Гуфта мешавад, вай ва ёронаш ҳоло дар минтақаи Рашт қарор доранд ва ба эътиқоди оқои Рустамов, амалиёт барои боздошт ва ё аз байн бурдани ин гурӯҳ то се-чаҳор рӯзи дигар идома хоҳад ёфт. Сарҳанг Рустамов мушаххасан нагуфт, ки аъзои ин гурӯҳ чи теъдоданд, вале гуфт, ки теъдоди онҳо чандон бузург нест ва камтар аз 20 нафар аст.

 

Ба гуфтаи вай, аъзои гурӯҳи мусаллаҳи вобаста ба Маҳмадкарим Иброҳимов дар урдӯгоҳҳои вижа дар Афғонистону Покистон омӯзиш дидаанд ва ҳадафи онҳо анҷоми фаъолиятҳои теруристӣ ва ноором сохтани вазъият дар шарқи Тоҷикистон аст. Ин мақоми аршади пулиси маҳаллӣ аз ироаи иттилоъ дар бораи макони мушаххаси будубоши ин гурӯҳи мусаллаҳ худдорӣ кард, вале гуфт, ки "нерӯҳои мо дар саросари Рашт барои муқобала бо ин гурӯҳ дар ҳолати омодабош қарор доранд."

 

Оқои Рустамов гуфт, ки нерӯҳои давлатӣ иттилоъ доранд, ки гурӯҳи мусаллаҳи вобаста ба Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдулло" низ дар минтақаи Рашт аст ва "базудӣ кори ӯ низ тамом хоҳад шуд." Зимнан, Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, низ дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Рашт қарор доштааст. Вай раҳбарии ситоди мубориза бо пайкорҷӯён дар ин минтақаро ба ӯҳда дорад.

 

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои амниятӣ ва пулис рӯзи сешанбе дар посгоҳи воқеъ дар мавзеъи Лабиҷар аз вуруди чанд хабарнигор ба ноҳияи Рашт монеъ шуданд ва гуфтанд, ки ин амр бо дастури оқои Азимов ва "ба далоили амниятӣ" сурат гирифтааст. Дастрасии хабарнигорон ба минтақаи Рашт аз замони оғози амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯён дар ин минтақа аз чаҳор моҳ пеш маҳдуд будааст.

 

Амалиёти нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Тоҷикистон дар минтақаи Рашт аз моҳи сентябри гузашта, дар пайи фирори гурӯҳе аз зиндониён аз боздоштгоҳи кумитаи амният ва сипас, ҳамлаи гурӯҳе мусаллаҳ ба сутуне аз комюнҳои вазорати дифоъи ин кишвар, шурӯъ шуд. Дар ин ҳамла дастикам 26 низомӣ кушта шуданд. Дар пайи ин ҳодиса аз чанд мавриди даргирӣ байни нерӯҳои давлатӣ ва пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар минтақаи Рашт гузориш шудааст.

 

Бар асоси омори мухталиф, дар ҷараёни ин даргириҳо ва ҳамалот дар маҷмӯъ беш аз 60 нерӯи давлатӣ ва тақрибан 30 нафар аз пайкорҷӯён то кунун кушта шудаанд. Авоили моҳи январ мақомоти Тоҷикистон аз кушта шудани ҳашт нафар аз пайкорҷӯён ва боздошти як нафар аз онҳо дар деҳаи Руноби ноҳияи Рашт гузориш доданд.

 

Мақомот гуфтанд, ки ин афрод ба гурӯҳи Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ, шомил буда ва дар анҷоми чанд амали теруристӣ дар минтақа даст доштаанд. Мақомоти Тоҷикистон пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар минтақаи Раштро ҳамвора ба доштани иртибот бо гурӯҳҳои теруристӣ ва ифротгаро, бавижа Ҳаракати исломии Ӯзбакистон, ки як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида аст, муттаҳам кардаанд.

 

Минтақаи Рашт, ки минтақае кӯҳистонӣ бо дараҳои тангу роҳҳои пурпечутоб аст, дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-97 аз пойгоҳҳои аслии мухолифони исломгарои давлати Тоҷикистон ба шумор мерафт.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4187-2011-01-18-16-10-09.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854