15:29:31 08-уми Июни 2025 сол

"РОҲИ ОҲАН" МЕГӮЯД, АЗ УЗБАКИСТОН ҚАРЗДОР НЕСТ

Мақомоти корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи Оҳан»-и Тоҷикистон гуфтаанд, ки баракс Узбакистон аз он қарздор аст. Амонулло Ҳукуматулло, раиси ин корхона cубҳи имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир корхонаи «Роҳи Оҳан»-и Узбакистон аз корхонаи «Роҳи Оҳан»-и Тоҷикистон 4,5 миллион доллар қарздор аст. Ин дар ҳолест, ки ахиран парлумони Тоҷикистон ба давлат иҷозат дод то қарзи корхонаи «Роҳи Оҳан» ба Узбакистонро аз ҳисоби будҷаи давлат пардохт кунад.

 

dushanbeАммо Амонулло Ҳукуматулло, раиси корхонаи «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон гуфт, ки ин қарз аз корхонаи «Роҳи Оҳан» набуда, балки қарзи давлати Тоҷикистон ба Узбакистон буд, ки ширкати «Роҳи Оҳан» ҳамасола ҳудуди 10-11 миллиони онро аз ҳисоби даромадҳои худ пардохт мекард. Вай гуфт, ба далели маҳдудиятҳое, ки дар транзити колоҳо дар соли гузашта Уузбакистон эҷод кард, онҳо ҳудуди 20 миллион доллар хисорот дидаанд ва ба ин далел аз давлат тақозо кардаанд, ки қарзи боқимондааш ба Узбакистонро худаш пардохт кунад.

 

Ҷаноби Ҳукуматулло афзуд, дар ҳоли ҳозир вазорати молияи Тоҷикистон аз корхонаи онҳо ҳудуди 472 миллион сомонӣ қарздор аст, ки дар вақташ онҳо  ин маблағро барои пардохти қарзҳои давлатии Тоҷикистон ба Узбакистон масраф карда будаанд.

 

Раиси корхонаи "Роҳи Оҳан"-и Тоҷикистон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар транзити колоҳо миёни Тоҷикистон ва Узабакистон мушкиле вуҷуд надорад. Вай гуфт, ки корхона дар соли 2010 ҳудуди 74 миллион доллар даромади соф бадаст овардааст. Дар ҳоле, ки ин корхона метавонист аз имкониятҳои мавҷуда бештар истифода бубарад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4194-q-q-----.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854