БОЗДОШТИ ЯКЕ АЗ ДАСТЁРОНИ МИРЗОХӮҶА АҲМАДОВ
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти Сайриддин Азизов, яке аз дастёрони Мирзохӯҷа Аҳмадовро тасдиқ кард. Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, боздошти Сайриддин Азизов рӯзи шанбеи гузашта, 15-уми январ дар ноҳияи Рашт сурат гирифтааст.
Мақомот қаблан Азизовро дар омода кардани ҷангиёни мухолифи ҳукумат, аз зумраи кӯдакон ва наврасон муттаҳам мекарданд. Телевизионҳои давлатӣ ҳанӯз дар шурӯи амалиёти нерӯҳои ҳукуматӣ дар водии Рашт гузориш дода буданд, ки Азизов аз саросари кишвар ба мактабе, ки дар хонааш фаъолият мекард, кӯдакон ва наврасонро дарсҳои ба зоҳир исломӣ, аммо дар асл террористӣ медод. Ҳоло мақомот Сайриддин Азизовро дар паноҳ додани фирориёни боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва размандагоне, ки аз хориҷ вориди хоки Тоҷикистон шудаанд, муттаҳам мекунанд.
Сайриддин Азизов, аз ҷумлати афроде буд, ки дар моҳи октябри соли гузашта, ба дунболи музокироти намояндагони давлат бо Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке дигар аз фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, аслиҳаи худро ба замин гузошта буд.
Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, дар робита ба ҳаводиси тобистону тирамоҳи соли гузашта дар шарқи кишвар беш аз 30 тан боздошт шуда, даҳҳо нафари дигар иҷозаи сафарро надоранд. Ба гуфтаи вазири корҳои дохилӣ, дар ҷараёни ин ҳаводис шаш тан аз маъмурони пулис ҳам кушта шудаанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4197-2011-01-19-11-42-05.html