ДАСТИКАМ 13 НАФАР ДАР ҲАМАЛОТИ ИРОҚ КУШТА ШУДАНД
Ду бумбгузории интиҳории дигар дар минтақаи мавсум ба Мусалласи суннинишини Ироқ - пойгоҳи шӯришиён сурат гирифтааст.
Дар яке аз ин маворид бумбгузорон омбулонси бумбгузоришударо дар қароргоҳи пулис дар шаҳри Баъқуба, дар маркази Ироқ мунфаҷир карданд, ки ба асари он дастикам 10 нафар кушта шуд. Беш аз панҷоҳ нафари дигар ҳам маҷруҳ шуданд.
Як бумбгузори интиҳории дигар се зоири шиъиро дар хориҷи шаҳр кушт ва сездаҳ нафари дигарро захмӣ кард. Рӯзи сешанбе 60 нафар тавассути бумбгузори интиҳорӣ дар як маркази ҷалбу ҷазби пулис дар шаҳри Тикрити ин вилоят кушта шуданд.
Би-Би-Си