МАҲКУМИЯТИ ЯК ТОҶИК ДАР ӮЗБАКИСТОН
Додгоҳе дар Ӯзбакистон ҳафт нафар, аз ҷумла як табаъаи Тоҷикистонро, барои давраҳои тӯлонӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Нашрияи "Ҳуқуқ", чопи Ӯзбакистон, менависад, ки ин афрод дар қочоқи маводди мухадир муҷрим шинохта шудаанд. Ба навиштаи ин нашрия, ин афрод дар моҳи августи гузашта дар водии Фарғона боздошт шудаанд.
Тибқи натоиҷи таҳқиқоти пулис, ин афрод мехостанд 22,5 килуграм ҳашишро ба таври ғайриқонунӣ дар худраве аз Тоҷикистон ба Русия аз тариқи қаламрави Ӯзбакистон ва Қирғизистон интиқол диҳанд. Додгоҳ ин афродро дар қочоқи маводди мухаддир муҷрим шинохта ва ба мӯҳлатҳои 10 то 15-солӣ ба зиндон маҳкум кардааст. Дар гузашта низ, мақомоти Ӯзбакистон аз мавориди зиёди боздошт ва муҷозоти атбоъи Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводди мухаддир хабар додаанд.
ақомоти ӯзбак гоҳо марзбонони Тоҷикистонро ба бекифоятӣ дар ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир ба кишварашон ва ҳатто ҳамдастӣ бо қочоқчиён муттаҳам кардаанд. Вале манобеъи умури марзбонии Тоҷикистон ин иттиҳомотро ҳамвора такзиб кардаанд.
Би-Би-Си