15:31:18 08-уми Июни 2025 сол

ДАРХОСТИ ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОН АЗ ВАЗОРАТИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз гурӯҳе аз омӯзгорони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон, ки 20 рӯзи пеш бояд бо кӯмаки сафоратхонаи Эрон дар Душанбе ба Эрон сафар мекарданд, дар назди вазорати маорифи Тоҷикистон гирдиҳам омаданд ва аз вазорат тақозо карданд, ки махориҷи 20 рӯзаи иқомати онҳо дар Душанберо пардохт кунад.

 

Чун сафари онҳо ба таъхир афтодааст, онҳо махориҷи 20 рӯзаи иқомат дар Душанберо аз ҳисоби худ пардохт кардаанд. То ҳол дар бораи далоили таъхири сафар ба онҳо ба таври расмӣ чизе нагуфтаанд, вале масъулини вазорат бар ин нукта ишора кардаанд, ки таъхири сафар ба масоили амниятӣ иртибот доштааст. Сафоратхонаи Эрон то ин лаҳзаҳо, ки хабар омода мешуд, дар ин бора изҳори назар накардаанд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854