15:24:06 08-уми Июни 2025 сол

БАРКАНОРИИ РАИСИ ШИРКАТИ “ТОҶИК ЭЙР”

Алимурод Маҳмадалиев тибқи як мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистоназ аз симати раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” барканор шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ки ҳамзамон раиси ҳукумат аст, ба ин симат Музаффар Исҳоқовро интисоб кардааст.

 

tajik airЗамони ин барканорӣ маълум нест, вале манобеъи ширкати "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки қарор аст баъд аз зӯҳри имрӯз расми муъаррифии раиси ҷадиди ин ширкат ба кормандон баргузор шавад. Гуфта мешавад, ки Алимурод Маҳмадалиев, раиси собиқи “Тоҷик Эйр”, ба симати раҳбари идораи хоҷагии (ХОЗУ) дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст. Музаффар Исҳоқов, ки дар гузашта солҳои зиёде дар ширкати “Тоҷик Эйр” фаъолият дошт, барои муддате то пойини соли гузашта раҳбарии ширкати “Сомон Эйр”, танҳо ширкати хусусии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистонро, бар ӯҳда дошт.

 

Ҳарчанд иттилоъе расмӣ дар бораи моликони ин ширкат мунташир нашудааст, вале соҳибназарон “Сомон Эйр”-ро ба гурӯҳи ширкатҳое шомил мекунанд, ки бо “Ориёнбонк”, яке аз бузургтарин муасисоти молии Тоҷикистон, иртибот дорад. Раиси ин бонк Ҳасан Асадуллоҳзода, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

 

Дар ҳамин ҳол, тибқи як мусаввабаи дигари Ҳукумати Тоҷикистон Амонулло Ашур аз симати раиси Ожонси зиддиинҳисори кишвар барканор шудааст. Дар ин санад омадааст, ки оқои Ашур ба далели "ба кори дигар гузаштанаш" аз ин вазифа барканор шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон ба ин симат Ҳамдам Тағоймуродов, ки қаблан вазифаи раиси бахши ислоҳоти иқтисодӣ дар дафтари раёсати ҷумҳурӣ бар ӯҳда дошт, интисоб кардааст.

 

Ин дар ҳолест, ки дар соли гузашта Амонулло Ашур чанд даъфа алайҳи пулакӣ сохтани роҳи Душанбе-Чаноқ дар матбуъот изҳори назар кард. Вай аз ҷумла ба ғайриқонунӣ будани ин амр ишора мекард ва таҳдид дошт, ки пулчинӣ дар ин ҷодаро мутаввақиф хоҳад кард. Вале, баъд аз муддате оқои Ашур аз идомаи баҳсҳои худ дар мавриди пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ худдорӣ кард.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854