БАРКАНОРИИ АМОНУЛЛО АШУР, МУНТАҚИДИ РОҲИ ПУЛАКӢ
Амонулло Ашур аз симати раиси Ожонси зиддиинҳисории Тоҷикистон барканор шудааст. Дар мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора омадааст, ки оқои Ашур ба далели "ба кори дигар гузаштанаш" аз ин вазифа барканор шудааст.
Ҳамдам Тағоймуродов, ки қаблан вазифаи раиси бахши ислоҳоти иқтисодӣ дар дафтари раёсати ҷумҳуриро бар ӯҳда дошт, ба раёсати Ожонси зиддиинҳисорӣ интисоб шудааст. Дар соли гузашта Амонулло Ашур чанд дафъа алайҳи пулакӣ сохтани роҳи Душанбе-Чаноқ дар матбуъот изҳори назар карда буд. Вай аз ҷумла, бо ибрози тардид дар қонунӣ будани таъруфаҳои роҳи пулакӣ таҳдид карда буд, ки пулчинӣ дар ин ҷоддаро мутаввақиф хоҳад кард.
Дар пайи ин ҳато кумисиюне барои санҷиши ҷанбаҳои қонунии роҳи пулакӣ таъсис шуд. Вале баъд аз эъломи натоиҷи кори ин кумисиюн, оқои Ашур аз идомаи баҳсу гуфтугӯ дар мавриди пулакӣ шудани роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ худдорӣ кард. Кумисиюни вижаи давлатӣ, ки асомии аъзои он ифшо нашудааст, дар моҳи июни соли гузашта қонунӣ будани тарҳи роҳи пулакиро таъйид кард ва гуфт, ки фаъолияти ширкати Innovative Road Solutions (IRS) бо мавозини байналмилалии иқтисодӣ низ созгор аст.
Аммо мунтақидони ин тарҳ мегӯянд, ки наҳваи интихоби ин ширкат, молики он, қарордоди байни IRS ва давлати Тоҷикистон дар мавриди роҳи пулакӣ, тасвиби ин қарордод дар порлумон бидуни шаффофияти кофӣ анҷом шудааст. Ин тарҳ ҳамчунин эътирозоти густардаеро дар миёни сокинони Тоҷикистон, бавижа манотиқи атрофи роҳи Душанбе-Чаноқ, ба дунбол дошта, вале мақомот ҳеч эътиное ба ин эътирозот накардаанд.
Барканории раиси "Тоҷик Эйр"
Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъаи 21 январ Алимурод Маҳмадалиев тибқи як мусаввабаи Ҳукумати Тоҷикистон аз симати раиси ширкати давлатии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” барканор шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, ки ҳамзамон раиси ҳукумат аст, ба ин симат Музаффар Исҳоқовро интисоб кардааст. Замони ин барканорӣ маълум нест, вале манобеъи ширкати "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки қарор аст баъд аз зӯҳри имрӯз расми муъаррифии раиси ҷадиди ин ширкат ба кормандон баргузор шавад. Гуфта мешавад, ки Алимурод Маҳмадалиев, раиси собиқи “Тоҷик Эйр”, ба симати раҳбари идораи хоҷагии (ХОЗУ) дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.
Музаффар Исҳоқов, ки дар гузашта солҳои зиёде дар ширкати “Тоҷик Эйр” фаъолият дошт, барои муддате то пойини соли гузашта раҳбарии ширкати “Сомон Эйр”, танҳо ширкати хусусии ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистонро, бар ӯҳда дошт. Ҳарчанд иттилоъе расмӣ дар бораи моликони ин ширкат мунташир нашудааст, вале соҳибназарон “Сомон Эйр”-ро ба гурӯҳи ширкатҳое шомил мекунанд, ки бо “Ориёнбонк”, яке аз бузургтарин муасисоти молии Тоҷикистон, иртибот дорад. Раиси ин бонк Ҳасан Асадуллоҳзода, бародарзани Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Би-Би-Си