15:37:16 08-уми Июни 2025 сол

АВРУПО БА КАРИМОВ ФИШОР ХОҲАД ОВАРД

Иттиҳодияи Аврупо ният дорад дар ҷараёни мулоқот бо Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз Брюссел рӯзи душанбе дар заминаи риояи ҳуқуқи инсон фишор оварад.

 

Сухангӯи Комиссиюни Аврупо Оливер Бейлӣ гуфт, ки дар ҷараёни мулоқоти президенти ин ниҳод Жозе Мануэл Барозо бо Ислом Каримов мавзӯи ҳуқуқи башар дар навбати аввал матраҳ хоҳад шуд. Соли 2005 ҳукумати Каримов барои адами иҷозаи таҳқиқи байналмилалии ҳодисаҳои саркӯби эътирозгарони Андиҷон таҳрим шуд, вале соли 2009 ин таҳримҳо бекор гардид.

 

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз Аврупо интиқоди шадид карданд. Бейлӣ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ба қароре расид, ки дар нисбати Ӯзбакистон бар ивази “сиёсати инзивои комил ҳамкориҳои ҷиддиву бошарту шурутро” пеш барад.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854