15:15:22 08-уми Июни 2025 сол

ХУДРАВИ “ТЕРУРИСТОН” АЗ СИРДАРЁ БЕРУН КАШИДА ШУД

Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки худраверо, ки эҳтимолан бояд мунфаҷир мешуд, аз дохили Сирдарё берун кашидаанд. Маъмурони интизомӣ шаби шанбеи гузашта, 21 январ дар шаҳри Хуҷанд худрави машкукеро, ки зинни мунфаҷир шудани он мерафт, ба далели камбуди вақт барои ҷилавгирӣ аз инфиҷори эҳтимолӣ ба Сирдарё андохта буданд.

 

khujandБа гуфтаи манобеъи вазорати дохилаи Тоҷикистон, маъмурон дар ҷараёни як амалиёт аз дохили ин худрав садои кори соъатро шунида ва ҳадс задаанд, ки он меатвонад ба зудӣ мунфаҷир шавад. Тоҳир Норматов, раиси ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки баъд аз муддате, ин худрав барои бозрасии амн аз оби рӯдхона берун кашида шуд ва маъмурон онро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Вай афзуд: “Ҳоло наметавонем мушшахас бигӯем, ки дар дохили ин худрав чӣ миқдор маводди мунфаҷира буд. Зеро, ин маводд тар шудааст ва аз ин роҳ маъмурон аз имкони инфиҷори ин маводд ҷилавгирӣ карданд.”

 

Ба гуфтаи оқои Норматов, таҳқиқи ин ҳодиса аз сӯйи ниҳодҳои амниятӣ идома дорад, зеро тибқи қавонини Тоҷикистон дар бораи мубориза алайҳи терурисм, ниҳодҳои амниятӣ барои расидагӣ ба ин ҳаводис муваззаф шудаанд. Ин мақоми пулис афзуд, ки маъмурони интизомӣ ба ҳамтоёни амниятии худ дар ин замина кӯмак мекунанд ва гуфт, ки муқассирон "ҳатман ошкор ва боздошт хоҳанд шуд.”

 

Дар ҳамин ҳол, манобеъи амниятии Тоҷикистон гуфтанд, ки таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад ва ҳанӯз дар ин бора иттилоъи тозае дар даст надоранд. Шаби шанбеи 21 январ нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон аз хатари вуқӯъи ду амалиёти теруристӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷилавгирӣ карданд. Тибқи иттилоъи манобеъи пулис, нахуст маъмурон як худрави машкуки “Опел”-ро дар хиёбоне наздик ба идораи пулиси вилояти Суғд дар маркази шаҳри Хуҷанд пайдо карданд.

 

Бозрасон тавонистаанд аз дохили ин худрав шаш килуграм маводди мунфаҷира пайдо ва “безарар” кунанд. Ҳамчунин худрави дигари машкуке дар назди идораи амнияти вилоят кашф шудааст. Маъмурони амниятӣ ва пулис натавонистаанд дарҳои ин худрави навъи "Фолксваген"-ро боз кунанд ва онро ба рӯдхонаи Сирдарё андохтанд.

 

Манобеъи пулис мегӯянд, ки ин ду худрав шумораҳои тақаллубии "тронзитӣ" доштанд. Ба ҳангоми беосеб кардани ин ду худрави машкук бо дастури маъмурон, мардуми маҳаллӣ дар биноҳои атроф хонаҳои худро тахлия кардаанд. Зимнан, дар ҳамлае интиҳорӣ ба идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вилояти Суғд, ки дар авоили моҳи сентябри гузашта рух дод, дастикам ду маъмури пулис ва фарди ҳамлавар кушта шуданд.

 

Дар ин ҳодиса, ки нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон хонда мешавад, ҳамчунин, ҳудуди 30 тан аз маъмурони пулиси маҳаллӣ дар асари ин инфиҷор ҷароҳат бардоштанд. Дар ҳамин ҳол, баъд аз расидани хабари талош барои анҷоми амалиёти теруристӣ дар Хуҷанд, биноҳои кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе низ рӯзи шанбе таҳти муроқибати нерӯҳои вижа қарор гирифта ва гаштугузори низомиёни мусаллаҳ дар атрофи ин биноҳо мушоҳида шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4239-2011-01-24-08-36-29.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854