15:39:45 08-уми Июни 2025 сол

ВУҚУЪИ ЗИЛЗИЛА ДАР НАЗДИКИИ "САРЕЗ"

Рӯзи душанбе 24 январ дар қаламрави Тоҷикистон зилзилае бо шиддати 6.3 аз рӯйи миқёсгирии 12-балӣ ё “МСК”, рух дод. Маркази ин зилзила, ки соъати 7.45 субҳ ба вақти маҳаллӣ рух дод, дар кӯҳҳои Помир, воқеъ дар 37 килуметрии ҷанубу шимоли кули Сарез будааст.

 

ozera sarezИн иттилоъро маркази зилзилашиносии Тоҷикистон пахш кардааст. Шиддати зилзила ба гуфтаи кормандони маркази зилзиласанҷӣ, дар Хоруғ - 3 то 4, дар Душанбе - 3 ва дар Ҳоит - 2 бал будааст. Ба гуфтаи Шоҳрух Муродқулов, як масъули пажуҳишгоҳи зилзилашиносӣ, ин нахустин бор дар беш аз панҷ соли охир аст, ки дар наздикии Сарез зилзилае ба ин шиддати нисбатан боло рух медиҳад. Аммо окодемисиян Собит Неъматуллоев, раиси ифтихории пажуҳишгоҳи зилзилашиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин зилзила хатаре барои кули Сарез надорад ва набояд сабаби нигаронӣ бошад.

 

Вай гуфт: “Ин як зилзилаи маъмулии шиддаташ на он қадар боло аст, ки ҳамеша дар қаламрави Помиру-Ҳиндукуш рух медиҳад.”

 

Аммо вай афзуд, ки ин зилзила "бояд ҳушдоре дар заминаи сохтмонҳои баланд дар шаҳр бошад, зеро таъсири зилзила ба сохтмонҳои баланд бештар давом мекунад ва афроди дохили сохтмон имкони берун омадан аз онро нахоҳанд дошт.”

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854