ҲАЛОКАТИ 31 НАФАР ДАР ДОМОДЕДОВО
Таркиш дар толори парвозҳои байнулмилалии фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав "амали террористӣ" унвон шуд. Мақомоти фурудгоҳ мегӯянд, таркиш замоне ба вуқӯъ пайваст, ки мусофирон мехостанд, бағочи худро бигиранд.
Хабаргузории "Интерфакс" дар бораи ҳалокати даҳ нафар ва захмӣ шудани бист тани дигар иттилоъ додааст. Чанд лаҳза пеш хабаргузории РИА Новости бо такя ба вазорати ҳифзи сиҳати Русия иттилоъ дод, ки бар асари таркиш 23 нафар кушта ва 130 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бархе хабаргузориҳо теъдоди қурбониёнро 31 нафар гуфтаанд.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи тартиботи Русия гуфтааст, ки як маргталаб худро дар фурудгоҳ мунфаҷир кардааст. Ҳавопаймоҳое, ки ба Домодево парвоз мекарданд, акнун ба фурдгоҳи Шереметово равона мешаванд.