15:17:53 08-уми Июни 2025 сол

ҲАЛОКАТИ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАРКИШИ МАСКАВ

Бар асари таркиш дар фурудгоҳи “Домодедово”, як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва чанд тани дигар низ осеб дидаанд. Сомонаи “Комсомолская правда” менависад, то ин соат ҳуввияти 15 тан аз кушташудагон шиносоӣ шудааст ва дар байни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон будааст, ки Ҷабборов Собир Муҳаммадҷонович ном дошта, соли таваллудаш 1963 мебошад. Дар феҳрасти захмиён дар сомонаи Вазорати умури изтирории Русия низ дастикам 3 нафар мушаххасан атбоъи Тоҷикистон ном бурда шуда, боз ҳадди ақал 8 тани дигар бо номҳои монанд ба тоҷикӣ оварда шудаанд, ки ғолибан аз Тоҷикистон ё Узбакистонанд.

 

домодедовоРӯзномаи "Комсомолская правда" навори видеои шоҳидеро нашр кард, ки дар он низ садоҳои тоҷикӣ ба гӯш мерасанд. Аз ҷумла як нафар мегӯяд, "Бахтиёр захмӣ шудааст!" Зимнан, дар рӯйхати Вазорати умури изтирории Русия нафаре бо номи Ғаффоров Бахтиёр Мухторович низ ҳаст. Номҳои дигари монанд ба тоҷикӣ дар ин рӯйхат чунинанд: Силманов Салим Муносившоевич, Умеди Оллоҳбердӣ, Маъруф Зиёдуллоевич Маҷидов, Холмуҳаммад Одинаев, Соҳиб Баҳриддинович Соҳибов, Нурулло Ҳашматович Ҳасанов, Мансур Холбуттаевич Худоёров, Сафар Юлдошевич Бобоев, Сайдулло Ҳайдарович Кенҷаев ва Саидбек Искандаров.

 

Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ кӮмак мекунад

Ба дунболи ҳодисаи мудҳиши дирӯзи Маскав мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро маҳкум намуда расонидани кӯмак ба шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистонро зери назорат қарор додаанд. Ба навиштаи сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон, 12 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин ҳодиса осеб дидаанд.

 

Намояндагони Сафорат ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, ба шаҳрвандони Тоҷикистон ғамхорӣ зоҳир намуданд. Айни ҳол ба ҳамаи маҷрўҳон, аз ҷумла 12 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар беморхонаҳои шаҳри Маскав ёрии таъҷилии тиббӣ расонида мешавад.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунон  вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифиро вазифадор намудааст, ки дар ҷараёни кўмакрасонӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон буда, ба онҳо мусоидати фаъол намоянд.

 

Таркише, ки Маскавро такон дод

Бар асари таркиши муқтадири шоми сешанбе дар “Домодедово”, пуриздиҳомтарин фурудгоҳи Маскав, дастикам 35 нафар кушта ва ҳудуди 130 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти амниятии Русия эътироф мекунанд, ки аз имкони чунин ҳамла ҳушдор дода буданд, вале натавонистаанд аз он ҷилавгирӣ кунанд.

 

Шоҳидон саҳнаи хунини таркиши “Домодедово”-ро ба таркиши моҳи март дар метрои Маскав монанд мекунанд, ки 40 кушта ба ҷо гузошта буд. Аз дохили фурудгоҳ як абри бузурги дуд ба ҳаво хеста, издиҳом дар пайи таркиш бо таҳлука аз баромадгоҳҳои изтирории “Домодедово” худро ба берун мезаданд. Мақомот мегӯянд, ин ҳамла ғолибан кори дасти маргталабе буд, ки чанд шарики дигар ҳам доштааст.

 

Мақомот мегӯянд, таркиш соати 16-30, яъне дар соате, ки фурудгоҳ пуриздиҳом буд, рух додааст. “Домодедово” пуриздиҳомтарин фурудгоҳи Русия маҳсуб шуда, дар сол тавассути он беш аз 22 миллион мусофир парвоз мекунанд. Як мақоми амниятии Русия гуфтааст, ки инфиҷор зоҳиран ҳамлаи интиҳорӣ буд ва бино ба хабари “Интерфакс”, сари маргталаби гумонбарро аз маҳалли таркиш пайдо кардаанд.

 

Ангушти иттиҳом ба сӮи кавкозиҳо

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ин таркишро ҳамлаи террористӣ номида, маҳкум кард. Медведев аҳд супурд, ки афроди масъули ҳамлаи “Домодедово” ба масъулият кашонида хоҳанд шуд. Ӯ ҳамчунин сафари тарҳшудааш ба анҷумани иқтисодии Давосро лағв кард ва ҷиҳати тақвияти тадобири амниятӣ дар саросари Русия дастур дод. Русия чанди сол боз алайҳи чирикиҳои исломӣ дар Қафқози шимолӣ набард мекунад ва пулис мегӯяд, дар иртикоби парвандаи таркиши “Домодедово” се гумонбареро ҷустуҷӯ мекунад, ки зоҳиран қафқозӣ будаанд.

 

Коршиносони амниятӣ аммо бо таваҷҷӯҳ ба инки ҳамлагар бо чанд кило тротил тавонистааст чанд посгоҳи амниятиро убур карда, дохили толори фурудгоҳ шавад, бори дигар тавоноии мақомоти интизомии Русия дар амри муқобила бо таҳдидҳои террористиро зери суол мебаранд. Он ҳам дар ҳоле, ки Русия дар садади бар дӯш гирифтани бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2014 дар Сочӣ ва Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 аст.

 

Вокуниши ҷомеаи байналмилалӢ

Бо ин ҳол, ҳамлаи “Домодедово” мояи мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалӣ шуд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ин таркишро амали террористии хашмовар алайҳи мардуми Русия номид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Филип Кровлӣ гуфт: “Мо ба давлати Русия пешниҳод кардем, ки дар сурати зарурат, барои ба масъулият кашонидани ин сияҳкорон ҳимояти худро дареғ намедорем.”

 

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун гуфт, ки аз ин амали осафбор ва ғайриқобили тавҷеҳи хушунат алайҳи мардуми бегуноҳ, ба ваҳшат уфтодааст. Дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен низ бо изҳори якдилӣ, хостори ҳамкории бештар бо Маскав дар роҳи мубориза бо террор шуд.

Куммисари ҳуқуқи башари Шӯрои Аврупо Томас Ҳаммарберг гуфт, ин ниҳод низ аз ин ҷинояти, ба гуфтаи ӯ, “ваҳшатовар”, “башиддат таккон хӯрдааст.”  Ӯ гуфт, ки ҷомиаи демократӣ чунин навъ ҷиноётеро, ки мунҷар ба ҳалокати мардуми бегуноҳ мешавад, ҳеҷ гоҳ нахоҳад пазируфт.

 

Мирзои Салимпур, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4248-2011-01-25-06-01-07.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854