15:09:38 08-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ЯК ВАКИЛИ МАҲАЛЛӢ ДАР ИСФАРА

Валӣ Нозиров, вакили маҳаллӣ дар шаҳри Исфара ва ҳамзамон раҳбари муассисаи тавлиди маҳсулоти кишоварзии рустои "Ворух" ба иттиҳоми тақсими ғайримуҷози қитаъоти замин ва додани ришва ба як корманди додситонӣ боздошт шудааст.

 

arestДар ин бора ба Би-би-сӣ як манбаъи маркази матбуъотии додситони вилояти Суғд иттилоъ дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, ба додситонӣ шикояти 14 нафар аз сокинони рустои Ворух расидааст, ки дар он Валӣ Нозиров ба тақсими ғайриқонунии қитаъоти замин ва нақзи ҳуқуқи сокинон муттаҳам шудааст. Ҳамчунин, Валӣ Нозиров ба корманди додситонӣ ба маблағи панҷ ҳазор дулори омрикоӣ ришва дода ва дар замони додани ришва аз сӯйи мақомот боздошт шудааст.

 

Ин дар ҳолест, ки Фирдавс Ӯрунов, муъовини додситони вилояти Суғд, ҳафтае қабл дар иҷлоси вакилони халқи вилоят аз вакилон хостори лағви масунияти оқои Нозиров барои боздошт ва муҷозоти вай шуда буд. Гуфта мешавад, ки дар ин иҷлос вакилони маҷлиси халқи вилояти Суғд бо боздошт ва муҷозоти ин вакили маҳаллӣ мувофиқат кардаанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854