17:45:44 08-уми Июни 2025 сол

АЁДАТИ САФИРИ ТОҶИК АЗ ЗАХМИЁНИ ДОМОДЕДОВО

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев чанде аз захмиёни таркиши Маскавро аёдат кардааст.

 

safir - dostievБо дастури махсуси раисиҷумҳури Тоҷикистон сафири ин кишвар дар Русия Абдулмаҷид Достиев аз ҳоли бархе аз шаҳрвандони тоҷик, ки дар таркиши “Домодедово” захмӣ шудаанд дар бемористонҳо хабар гирифт ва дар борваи вазъи онҳо бо пизишкон ҳамсӯҳбат шуд. Дар таркиши шоми душанбе дар бузургтарин фурудгоҳи Маскав 2 шаҳрванди тоҷик – Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод - кушта ва 13 тан захмӣ шуданд. Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи 5 тани онҳо вахим хонда мешавад.

 

Ҳувияти 6 нафари дигар, ки дар таркиш кушта шуданд, шиносоӣ нагаштааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар як тамоси телефонӣ ба ҳамтои русаш Дмитрий Медведев изҳори таслият кард. Дар пайи таркиши “Домодедово” тадобири амниятиро дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳану автобус ва иншооти давлатии Тоҷикистон низ тақвият додаанд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854