16:40:03 08-уми Июни 2025 сол

"ЯК УЗВИ АЛҚОЪИДА" ДАР РАШТ КУШТА ШУД

Нерӯҳои интизомиву амниятии Тоҷикистон шаби гузашта дар як амалиёт як пайкорҷӯйи мухолифи давлатро дар шарқи ин кишвар куштаанд. Манобеъи интизомӣ мегӯянд, ки Мазорӣ Фатҳиддинов, як сокини 26-солаи ноҳияи Тоҷикобод, аз аъзои шабакаи Алқоъида буда ва дар урдӯгоҳҳои теруристӣ дар Афғонистону Покистон омӯзиш дидааст.

 

Вай ва гурӯҳе аз тарафдоронаш чанд сол пеш бар манзури ноором кардани вазъият дар Тоҷикистон ба минтақаи рашт дар шарқи ин кишвар ворид шудааанд. Тибқи иддаъои мақомоти интизомӣ Мазорӣ Фатҳиддинов ва тарафдоронаш дар ҳамла ба комюнҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб дар моҳи сентябр, ки дастикам 26 кушта барҷо гузошт, даст доштаанд.

 

Амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар минтақаи Рашт, ки як минтақаи кӯҳистонӣ ва душворгузар аст, дар пайи ин ҳамла шурӯъ шуда ва то куун идома дорад.

 

Мақомоти интизомии Тоҷикистон ахиран аз кушта шудани Аловуддин Давлатов, яке аз раҳбарони пайкорҷӯён хабар доданд, вале мегӯянд, ки амалиёт то замони боздошти Абдулло Раҳимов, аз раҳбарони дигари гурӯҳҳои пайкорҷӯ, идома хоҳад дошт.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854