16:50:53 08-уми Июни 2025 сол

ҶАСАДИ ДУ ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ОВАРДА ШУД

Субҳи рӯзи 27-уми январ, ҷасади ду шаҳрванди кушташудаи тоҷик дар таркиши Маскав ба Душанбе оварда шуд. Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯйи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод соати 7:50 дақиқаи субҳ дар парвози шумораи 628 ба Тоҷикистон оварда шудааст.

 

jasadБа гуфтаи ҷаноби Шодиев, ҷасади Ҷабборов Собир аз сӯйи пайвандонаш гирифта шуда ба манзилаш ноҳияи Ваҳдат интиқол ёфтааст. Вай гуфт, тобути дигар, ки аз Ҳақназаров Мурод аст, соатҳои наздик ба Ҷиргатол интиқол дода хоҳад шуд. Дар таркиши шоми душанбе дар бузургтарин фурудгоҳи Маскав 2 шаҳрванди тоҷик Ҷабборов Собир ва Ҳақназаров Мурод кушта ва 16 тани дигар захмӣ шуданд.

 

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазъи 5 тани онҳо вахим хонда мешавад. Дар пайи таркиши “Домодедово” тадобири амниятиро дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳану автобус ва иншооти давлатии Тоҷикистон низ тақвият додаанд.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854