16:19:49 08-уми Июни 2025 сол

«АЗИЯ-ПЛЮС» ЯК МИЛЛИОН «МИНУС»?

Сардори раёсати ВКД ҶТ Анвар Тағоймуродов, нашрияи "Азия-Плюс"-ро ба додгоҳ кашида, ба маблағи як миллион сомонӣ ҷуброн хостааст.

 

Asia PlusСабаби ба додгоҳ кашида шудани нашрияи «Азия-Плюс» ин мақолае таҳти унвони «Тафтишот ё инквизитсия?» мебошад, ки моҳи декабри соли гузашта дар ин нашрия чоп шуда буд. Дар ин маводи тадқиқотии нашрия лаҳзаҳое аз шиканҷаи боздоштшудагон тавассути кормандони раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи ВКД, аз ҷумла дар вилояти Суғд инъикос ёфта буданд.

 

Анвар Тағоймуродов даъво дорад, ки ин нашрия бо чопи ин матлаби таҳвиномез на танҳо ба эътибори ин ниҳоди интизомӣ, балки ба шахсияти ӯ иснод овардааст. ар ин иртибот ӯ аз мақомоти додгоҳӣ талаб кардааст, ки ба фоидаи ӯ аз ҳисоби нашрияи «Азия Плюс» ба маблағи як миллион сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ бирӯёнанд.

 

Дар аризаи даъвогии Сардори раёсати мубориза бо ҷиноёти ВКД омадааст, ки шояд муаллифи мақолаи мазкур ва хабарнигорони дигари нашрия омилони ҳамлаи террористии Хуҷандро медонистанд ва аз кори онҳо хабар доштанд ва ҳатто эҳтимолан ҳамкорӣ байни онҳо вуҷуд доштааст.

 

Муаллифи мақолаи мазкур ва масъулини нашрияи «Азия Плюс» дар посух ба ин даъвои Анвар Тағоймуродов изҳор медоранд, ки он асос надорад ва хабарнигорони нашрия ба ҳеҷ ваҷҳ бо террористон ҳамкорӣ накардаанд.

 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854