16:17:04 08-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ПАЙРАВОНИ ГУРӮҲИ МАЗҲАБИИ МАМНУЪ

Мақомоти ноҳияи Қубодиён дар ҷануби Тоҷикистон гуфтаанд афроди муртабит ба ду гурӯҳи ҷараёни "Салафия", як ҷараёни мазҳбии мамнуъро дар ин ноҳия боздошт кардаанд.

 

arestАбдулмуъмин Улфатов,раиси ноҳияи Қӯбодиёни вилояти Хатлон дар ҳузури хабарнигорон гуфт роҳбарони ин ду гуруҳи «Салафия» наздики 60- навҷавон аз хонаводаҳои камбизоати ноҳияро таълими исломӣ медодаанд ва ҳадаф доштаанд то дар оянда онҳоро ба сурати ғайриқонунӣ ба кишварҳои исломӣ эъзом кунанд. Мақомот гуфтанд ба ҳадафи ҷамъоварии иттилоъот дар бораи аъзои ҳаракату чараёнҳои мамнуъ дар ноҳия шуъбаи раёсати корҳои дохилаи ноҳия тадобиреро анҷом медиҳад ва бо наздикони наврасоне ,ки ба гуруҳу ҷараёнҳои мамнуъ ҳамроҳӣ доштаад дар бораи паёомадҳои ин амр аз тариқи доир кардани суҳбатҳо иттилоъ медиҳанд.

 

Гуфта мешавад, ки аз ин ноҳия то имрӯз 46-нафар донишҷӯе ,ки ғайрирасмӣ бо мусоъидати афроди номаълум ба хориҷ барои таҳсил дар мадориси мазҳабӣ рафта буданд, дубора ба кишвар баргаштаанд ва ҳоло намояндагии кумитаи амнияти миллӣ дар ноҳҳия барои пешгирӣ аз афзоиши нуфузи гуруҳу ҷараёнҳои мамнуъ ва баргардонидани донишҷуёни дигар аз кишварҳои исломӣ тадобиреро рӯи даст гирифтаанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854