16:58:59 08-уми Июни 2025 сол

ПАРВАНДАҲОИ ҚОЧОҚИ ИНСОН ДАР СУҒД

Додситони шаҳри Хуҷанд алайҳи Ҳилола Отаева, як сокини 31-солаи ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, ба иттиҳоми қочоқи инсон (одамфурӯшӣ) парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

 

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, хонуми Отаева соли гузашта як сокини маҳаллии 29-соларо, ки номи мустаъораш А.Г. аст, бо ваъдаи дарёфти ҷойи кор нахуст ба шаҳри Маскав ва сипас ба Дубай бурдааст. Сипас, вай ин занро аз моҳи июн то сентябр бо таҳдиду зӯрӣ ба руспигарӣ водор карда, маблағи 20 ҳазор дулори омрикоӣ фоида ба даст овардааст. Гуфта мешавад айни ҳол тафтишот дар ин бора идома дорад.

 

Дар ҳамин ҳол, Илёс Идрисов, муоъвини додситони вилояти Суғд, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт, ки дар соли гузаштаи милодӣ дар мавриди хариду фурӯши (қочоқи) одамон аз сӯйи додситониҳои шаҳру навоҳии вилояти Суғд 9 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

 

Оқои Идрисов мегӯяд аз ин парвандаҳои ҷиноӣ 5 парванда алайҳи 10 нафар баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба додгоҳ ирсол гардида ва додгоҳ дар мавриди 3 парванда ба шахсони муттаҳамро муҷозот кардааст. Вале як парвандаи ҷиноӣ алайҳи се нафар дар марҳилаи баррасии додгоҳӣ қарор дорад. Зимнан, гузоришҳо ҳокист, ки дар гузашта низ дар Тоҷикистон барои хариду фурӯши занон дар Дубай сокинон боздошт ва муҷозот шудаанд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854