17:09:18 08-уми Июни 2025 сол

ХИДИРОВА РАИСИ ФРОКСИЮНИ ҲХДТ ШУД

Махфират Хидирова, аз аъзои ҳизби ҳокими халқи демукрот (ҲХДТ) дар порлумони Тоҷикистон, раиси фроксиюни ин ҳизб дар порлумон интихоб шудааст.

 

Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи порлумони Тоҷикистон, хонуми Хидирова дар ҷаласаи фроксиюни ҳизби халқи демукрот, ки рӯзи 27 январ доир шуд, ба ҷойи Ҷумъабой Сангинов, раиси пешини ин фроксиюн ба ин симат интихоб шудааст. Оқои Сангинов ахиран бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба муъовинати аввали устондори Суғд мансуб шуд.

 

Интихоби раиси фроксиюни ҳизб дар порлумон бо пешниҳоди раҳбари ҳизб сурат мегирад. Манобеъи порлумонӣ мегӯянд, ки номзадии хонуми Хидирова ба ин симатро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ва раҳбари ҳизби халқи демукрот пешниҳод кардааст.

 

Асрор Латипов, муъовини раҳбари ҳизби ҳокими халқи демукрот дар ҷаласаи фроксиюни ин ҳизб дар порлумон гуфтааст: "Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифаи масъулиятнок номзадии яке аз вакилони фаъоли Маҷлиси намояндагон, доктори фаннҳои фалсафа, муъовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маъориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон Махфират Хидироваро пешниҳод менамоянд."

 

Сипас, он гуна, ки оқои Султонов хабар дод, аъзои фроксиюни ҳизби ҳокими халқи демукрот аз номзадии Махфират Хидирова ба ин мақом "якдилона" ҷонибдорӣ кардаанд. Интихоби як зан ба раёсати фроксиюни ҳизби халқи демукрот дар порлумони Тоҷикистон, ки бахши аъзаме аз курсиҳои порлумонро дар ихтиёр дорад, амре бесобиқа аст.

 

Нозирон мегӯянд, ки ин амр дар чорчӯби сиёсатҳои Президент Раҳмон дар заминаи боло бурдани мақоми занон дар ҷомеъа сурат мегирад, вале мунтақидон ин амрро бештар намоишӣ хонда ва мегӯянд, ки занҳо дар Тоҷикистон бештар ба симатҳои ғайрикалидӣ мансуб мешаванд ва нақши муассире дар таъйини сиёсатҳои ин кишвар надоранд.

 

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854