16:37:38 08-уми Июни 2025 сол

МАҲКУМИЯТ БА 28 СОЛИ ЗИНДОНИИ ҲАЛИМ ИСОЕВ

Додгоҳи шаҳри Душанбе як шаҳрванди Тоҷикистонро ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст. Ба гуфтаи масъулони додгоҳи шаҳри Душанбе, таҳқиқи парванда собит кардааст, ки Ҳалим Исоев, сокини 26 солаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, аз ҷумлаи афродест, ки дар тобистони соли гузашта кӯшиши созмондиҳии таркиш дар пойгоҳи низомии лашкари 201-и Русия дар Тоҷикистонро доштааст.

 

Зеро ба гуфтаи масъулони додгоҳ, таҳқиқи парвандаи Исоев мушаххас кардааст, ки ба ҳангоми боздошт, аз ӯ маводи таркандаи худсохт кашфу мусодира шудааст. Зимнан, Ҳалим Исоев моҳи августи соли гузашта боздошт шуда буд ва бар асоси се банди қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои тероризм, созмон додани гурӯҳи ҷиноӣ ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ, муттаҳам дониста мешуд.

 

Тибқи иттилои манобеъи сохторҳои қудратӣ, Ҳалим Исоев, яке аз таълимдидагони пойгоҳҳои терористӣ дар деҳаи Порвоги ноҳияи Рашт буда, ки шеваҳои ҷангӣ ва фаъолиятҳои чирикиро омӯхтааст.

 

«Озодӣ"

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854