ҲУШДОРИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ АЗ САФАР БА МИСР
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, муваққатан аз сафар ба Миср худдорӣ кунанд. Ба иттилои Давлат Назрӣ, суханӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, вазъият дар шаҳри Қоҳири пойтахти Миср ва дигар шаҳрҳои умдаи Миср муташаниҷ боқӣ мемонад. Дар ҳамин росто вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба намояндагии дипломатии кишвар дар Миср дастур додааст то чораҳои заруриро барои амниятӣ шаҳрвандони тоҷик дар ин кишвар рӯи даст бигиранд.
Вазорат ба шаҳрвандон кишвар тавсия додааст, ки то оддӣ шудани вазъ аз сафар Миср худдорӣ кунанд ва аз эҳтиёти тамом ва ҳушёрӣ кор баранд. Дар ҳамин росто сафорати Тоҷикистон дар ҷумҳурии Мисри Араб ҳама шаҳрвандони тоҷики муқими ин кишварро машварат додааст, ки дар манзилҳои худ боқӣ монда аз гаштугузор дар шаҳр ва маҳали гирдиҳамоиҳо иҷтиноб биварзанд.
Наздик ба 1000 шаҳрванди тоҷик, ки аксарият онҳо донишҷӯён мебошанд дар Миср ба сар мебаранд ва ба иттилои вазорати корҳои хориҷӣ, ҳеҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар хушунатҳои чанд рӯзи ахири Миср осеб надидааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4300-2011-01-30-06-21-21.html