17:52:08 01-уми Июни 2025 сол

ТАВСЕАИ РАВОБИТИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ

Русия ва Тоҷикистон дар бораи ташкили ду маркази иттилоотӣ, фарҳангӣ ва илмиву техникӣ дар Душанбе ва Маскав ба тавофуқ расидаанд. Фарид Муҳаммадшин, раиси Оҷонси «Россотрудничества»-и Русия пас аз дидору гуфтугӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ин ду марказ барои тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва фаннӣ миёни ду кишвар аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст.

 

mashvaratВай гуфт, дар доираи ин ҳамкориҳо, масъалаи омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои Тоҷикистон, ҳамкории олимон, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Русия ва ҳифзи осори таърихӣ дар назар аст. Ҳамчунин, ҷаноби Муҳаммадшин гуфт, Русия имкон дорад дар барқарории осорҳои таърихӣ ва фарҳангӣ ба Тоҷикистон кӯмак кунад. Қарордод дар бораи ташкили ду маркази иттилоотӣ, фарҳангӣ ва илмию техникӣ миёни ду кишвар рӯзи якуми феврал дар Душанбе миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Оҷонси "Россотрудничества" ба имзо расид.

 

Дар ин замина санаде миёни вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Агентии «Россотрудничество» -и Русия имзо гардид. Фарид Муҳаммадшин, раиси ин Агентӣ иброз дошт, ки ин марказҳо омили тақвияти бештари равобиту ҳамкориҳои байни Русия ва Тоҷикистон хоҳад гашт.

 

Зимнан, Муҳаммадшин, нахустин мақоми Русия аст, ки дар соли ҷорӣ аз Тоҷикистон боздид ба амал овард. Вай муносиботи ҳар ду кишварро бисёр муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, ки Русия дар оянда низ ба сатҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон аҳамияти вижа хоҳад дод.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/4318-2011-02-01-10-33-15.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854