17:43:43 08-уми Июни 2025 сол

НАШРИ ВИДИЮЕ ДАР БОРАИ "БОЗДОШТИ АЛИИ БЕДАКӢ"

Дар Тоҷикистон аз тариқи телефунҳои ҳамроҳ видиюе мунташир шуда, ки марде боздоштшударо ба ҳангоми бозҷӯйиву истинтоқи афроди низомӣ дар дохили як худрав нишон медиҳад ва низомиён ӯро "Алии Бедакӣ" хитоб мекунанд. "Алии Бедакӣ" лақаби Аловуддин Давлатов, раҳбари гурӯҳе аз пайкорҷӯёни мухолифи давлати Тоҷикистон дар минтақаи Рашт, дар шарқи ин кишвар аст, ки мақомот авоили моҳи январ аз кушта шудани вай ва ҳафт тан аз ҳамроҳонаш хабар дода буданд.

 

bedakiАгар марди боздоштшуда дар видию дарвоқеъ Аловуддин Давлатов бошад, пас ин мадрак нишон медиҳад, ки ин раҳбари гурӯҳҳои пайкорҷӯйи мухолифи давлат дар водии Рашт қабл аз кушта шудан зоҳиран тавассути нерӯҳои давлатӣ дастгир ва бозҷӯӣ шуда буд. Ин видию, ки ба назар мерасад тавассути телефуне ҳамроҳ сабт шудааст, ба ҳамин шева аз тариқи телефунҳои ҳамроҳ дар миёни иддае аз сокинон паҳн шуда ва боъиси баҳсу гуфтугӯҳое дар бораи шеваи "дастгирӣ ва кушта шудани" Аловуддин Давлатов шудааст.

 

"Ин ҳамон БедакӢ аст"

Дар ин видию афроде бо либоси низомӣ дида мешаванд, ки марде ришдор ва нимлухтро дар дохили як худрав бо лаҳне тавҳиномез бозҷӯйӣ ё истинтоқ мекунанд ва ӯро “Алӣ Бедак” ва ё “Бедак” хитоб мекунанд. Тибқи иттилоъи манобеъи пулис, Аловуддин Давлатов, раҳбари гурӯҳе аз пайкорҷӯёни мухолифи давлат дар минтақаи Рашт, ҳамроҳ бо ҳафт тарафдораш дар ҷараёни як амалиёт кушта шудааст.

 

Масъулони пулиси Тоҷикистон ҳануз дар бораи видиюе, ки дар телефунҳои ҳамроҳ паҳн шуда ва зоҳиран Аловуддин Давлатовро нишон медиҳад, расман ибрози назаре накардаанд, вале як манбаъи вазорати кишвар пас аз дидани ин видию гуфт марде, ки дар он дида мешавад, "ин ҳамон Алии Бедакӣ аст."

 

Таъйиди сиҳҳати ин видию душвор аст. Вале чеҳраи ин мард бо чеҳраи шахсе, ки қаблан дар гузоришҳои телевизиюнӣ аз он ба унвони Алии Бедакӣ ном бурда мешуд, ва ҳамчунин ба чеҳраи марде, ки моҳи октябри гузашта дар як видиюи муртабит ба Алии Бедакӣ дар сойти "Daily Motion" дида мешуд, шабоҳат дорад.

 

Дар ин видию марде, ки низомиён ӯро “Бедакӣ” садо мезананд, нимбараҳна ва бо риши дароз, хеле шабеҳи аҷсоди нимбараҳнае падидор мешавад, ки телевизиюни давлатии Тоҷикистон ҳангоми пахши хабари кушта шудани Аловиддин Давлатов ва ҳамроҳонаш пештар намоиш дода буд.

 

Дар ду канори ин мард афроде бо либосҳои низомӣ нишастаанд ва аз ӯ пурсишҳое мекунанд. Яке аз низомиён, ки чеҳрааш басароҳат намудор аст, дар дасташ тапончае дорад, ки гоҳо бо он пешонаи марди ришдорро ҳадаф мегирад. Дастони ин мард монанди ҳар фарди боздоштшудае аз пушт баста ба назар мерасад.

 

"Мулло Абдулло куҷост?"

Чеҳраи афроде, ки суолҳоро матраҳ мекунанд, дуруст намоён нест ва садояшон ба гӯш мерасад. Яке аз онҳо аз фарди боздоштшуда дар бораи куҷо будани “Мулло Абдулло” ва ин, ки сарбозонро дар Камароб ки куштааст, савол медиҳад. Афроди низомӣ бештар бо лаҳҷа сӯҳбат мекунанд: "Чида солдатора задӣ? (чаро сарбозонро куштед?) Ки амр карда буд? Калон ки буд?"

 

Марде, ки аз ӯ “Алӣ Бедак” ном бурда мешавад, чунин ҷавоб медиҳад: "Агар бигӯям, бовар мекунед?" Ва пас аз посухи мусбат идома медиҳад: "Ман онҷо барои ҷанг нарафта будам... Аминбек ном дошт. Рафтем онҷо, дигар аз ҳар гурӯҳ омадан гирифтанд."

 

Саволу ҷавоб ба ин шева идома меёбад:

 

- Калон кӣ буд?

 

- Намедонам, ҳама калон буд он ҷо.

 

- Рӯирост бигӯ, ба ман бигӯ. Белгӣ буд калон? Росташро бигӯ.

 

- Ман то ҳозира дар ихтиёри ӯ будам, ба ӯ итоъат карда будам, лекин дар ҷанг вай набуд.

 

- Ки буд? Чаро дурӯғ мегӯӣ?

 

- Не, дар ҷанг вай набуд.

 

- Ки буд? Мулло Абдулло буд?

 

- Худаш?... Не набуд.

 

- Кай дида будӣ ӯро охирин бор?

 

- ...

 

- Бедак! Ба ман нигоҳ кун, кай дида будӣ охирин бор?

 

- Дар Камароб вай шахсан набуд.

 

- Ҳозир куҷо ҳаст вай, ҳамин ҳоло дар кадом минтақа аст?

 

- Ба худо қасам, ман намедонам. Чор моҳ шудааст, ки надидамаш.

 

Пурсу посух ба ин тартиб идома меёбад. Афроди низомӣ гоҳо бо таҳдид ва гоҳо бо дашному таҳқир бо ин фарди боздоштшуда сӯҳбат мекунанд. Дар поёни навор садое ба гӯш мерасад, ки мегӯяд: "Ин видиюра на памят (барои хотира) гирифтем."

 

Дар лаҳзае аз ин видию бадани лоғари мард нишон дода мешавад ва садои яке аз афрод ба гӯш мерасад, ки мегӯяд "боз ҳамин ҷондор алайҳи давлат ҷанг мекардааст!"

 

Ҳамлаи Камароб

Мӯҳтавои ин бозҷӯйӣ ё пурсупосух бо фарди боздоштшуда, ки "Алӣ Бедак" хитоб мешавад, ин тасавурро эҷод мекунад, ки ин видию эҳтимолан аз тарафи афроде гирифта шуда, ки дар ҷустуҷӯи ин мард будаанд ва шахси боздоштшуда на танҳо аз рӯи тасвир балки аз рӯи муҳтавои гуфтугӯҳо дар ин навор эҳтимолан ҳамон Аловуддин Давлатов аст.

 

Агар ин видию ҷаълӣ набошад, пас нишон медиҳад, ки нерӯҳои давлатӣ ин раҳбари пайкорҷӯёни мухолифи давлатро қабл аз кушта шудан дастгир карда буданд. Суолоте, ки дар мавриди макони будубоши Мулло Абдулло ва ё имкони даст доштани "Белгӣ" матраҳ шудаанд, ба ҳамин мавзӯъ далолат мекунанд.

 

Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, "Белгӣ" лақаби Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони иттиҳоди мухолифони собиқ дар замони ҷанги дохилӣ аст, ки дар амалиёти ахир дар Рашт бо нерӯҳои давлатӣ ҳамкорӣ мекард.

 

Пас аз ҳамлаи маргбор ба низомиён дар дараи Камароб дар моҳи сентябр мақомот нахуст ангушти иттиҳом ба сӯйи оқои Аҳмадов ишора карда буданд, вале баъдан эълом шуд, ки вай бо 28 тан аз ҳамроҳонаш ба нерӯҳои давлатӣ пайвастааст.

 

Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, дар моҳи октябр дар як нишасти матбуъотӣ ҳамкории гурӯҳи Аҳмадов бо нерӯҳои давлатиро таъйид карда буд, вале ӯ гуфт, ки оқои Аҳмадов "агар дар ҳамлаи Камароб даст дошта бошад, ҳатман муҷозот хоҳад шуд." Вай афзуд, ки даст доштан ё надоштани Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ин ҳодисаро таҳқиқот мушаххас мекунад.

 

Ҳоло маълум нест, ки видиюи "боздошти Алӣ Бедакӣ" кай сабт шудааст, аммо Вазорати кишвари Тоҷикистон дар бораи кушта шудани вай ва ҳафт пайкорҷӯйи дигар дар амалиёте низомӣ дар водии Рашт рӯзи 4 январ хабар дода буд. Дар ин бора телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон низ гузориш карда ва аҷсоди кушташудагон ва маҳалли амалиёти анҷомшударо намоиш дода буданд.

 

Мақомоти Тоҷикистон Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба "Алии Бедакӣ"-ро ба анҷоми чанд амали теруристӣ дар шарқи ин кишвар, аз ҷумла ҳамлаи маргбор ба комюнҳои вазорати дифоъ дар авохири моҳи сентябр, ки дастикам 26 кушта барҷо гузошт, муттаҳам карда буданд.

 

 

Мақомот ҳамчунин мӯътақиданд, ки Алии Бедакӣ ва Абдулло Раҳимов, аз раҳбарони дигари гурӯҳҳои пайкорҷӯ, ки ҷустуҷӯйи ӯ ҳамчунон идома дорад, бо Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида, ҳамкорӣ дошта ва мехостанд дар шарқи Тоҷикистон пойгоҳҳои теруристӣ бунёд кунанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4325-bozdoshti-alii-bedaki.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854