17:32:59 08-уми Июни 2025 сол

ОБАМА: МИСР БОЯД ФАВРАН БА ИСЛОҲОТ ШУРӮЪ КУНАД

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки раванди гузариши Миср ба демократия ва омодагӣ барои интихоботи озод бояд фавран шурӯъ шавад.

 

barak obamaДар як изҳорот дар робита ба авзоъ дар Миср Обама гуфт, ки раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак дар сӯҳбати телефонӣ бо ӯ ногузир будани ислоҳоти демократӣ дар кишварро иқрор кардааст. Дирӯз эътирозгарони мисрӣ аз тасмими раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак барои худдорӣ аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр истиқбол карданд ва аммо аз талаби истеъфои ӯ даст набардоштаанд. Ҳуснӣ Муборак шоми сешанбе дар як паёми телевизионӣ изҳор намуд, ки ба хотири таъмини субот дар кишвар то интихоботи нав дар мақомаш хоҳад монд. Ӯ ҳамчунин ба мардум ваъдаи ислоҳот кард.

 

Ба иттилоъи бархе манбаъҳо, Ҳуснӣ Муборак дар бораи худдорӣ аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр бо маслиҳати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тасмим гирифтааст. Ӯ дирӯз бо Фрэнк Виснер, фиристодаи Обама, мулоқот дошт.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854