17:36:46 08-уми Июни 2025 сол

ЗАДУХӮРД ДАР МАЙДОНИ ТАЗОҲУРОТ

Бар асари ин даргирӣ дар майдони Таҳрири шаҳри Қоҳира дастикам 26 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ҳазорон тан аз тарафдорони раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборак, дар майдони Таҳрир, дар маркази Қоҳира, ба эътирозгароне, ки хатми ҳукумати сисолаи Муборакро талаб мекунанд, ҳамла оварданд.

 

misr-egypitДаргирӣ замоне рух дод, ки тарафдорони Муборак, бархе савори аспу мотосикл ба ин майдони моломоли ҳазорон тан аз мухолифони ӯ рехтанд. Байни ду тараф бо истифода аз сангу калтакҳо занозанӣ ба вуқӯъ пайваст. Муборак шаби гузашта эълон кард, ки дар интихоботи моҳи сентябр ширкат намекунад, вале ҳоло аз мақом нахоҳад рафт. Ба дунбол, низомиён хостори хонабахона шудани эътирозгарон шуданд. Сухангӯи артиш Исмоил Усмон гуфт: “Паёми шумо расид ва талабҳои шумо маълум шуд. Мо барои таъмини амнияти ватан тамоми талошро ба харҷ медиҳем. Мо бояд ба даъвати кишвари мо бо кори пурсамар посух диҳем.”

 

Аммо эътилофи мухолифин бо даъват ба эътирозҳои нав як раҳпаймоии густардаро барои рӯзи ҷумъа эълон кардааст.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854