БОЗДОШТИ ЯК УСТОДИ ДОНИШГОҲИ ҚУРҒОНТЕППА
Бахши Ожонси мубориза бо фасод дар Хатлон аз боздошти декани факултаи шимии (химияи) донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа, ба номи Носири Хусрав, хабар дод. Тибқи иттилоъи манобеъи ин ожонс дар Хатлон, иттиҳоми ворида алайҳи Боймурод Ғафуров талаб кардани 400 дулори омрикоӣ аз як донишҷӯйи собиқи ин донишгоҳ аст.
Шикояти ворида алайҳи ӯ ин аст, ки оқои Ғафуров барои барқарор кардани як сокини ин вилоят ба унвони донишҷӯ дар ин донишгоҳ, ки қаблан ӯ аз он ихроҷ шуда буд, аз вай 400 дулори омрикоӣ талаб кардааст. Вай ба ҳангоми гирифтани ришва аз сӯйи кормандони ожонси мубориза бо фасод боздошт шудааст.
Ҳикматулло Исматов, масъули бахши ҷилавгирӣ аз фасод, гуфт, ки алайҳи Боймурод Ғафуров мутобиқи моддаи 319-и қонуни кайфарӣ парванда боз шуда ва таҳқиқи парванда дар ҷараён аст. Чанд сол қабл ду пруфессури дигари донишгоҳи шаҳри Қурғонтаппа низ ба далели ришваситонӣ боздошт ва муҷозот шуда буданд.
Би-Би-Си